Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў бархеста, назди тиреза рафт ва онро кушод. Аз саҳни ҳавлӣ, ки нав об зада шуда буд, бўйи хок ба машомаш зад.
Вақте ки тамоми рўз замин аз шуои офтоб метафсад, баробари об пошидан бухс мекунад. Бубин, замин қодир аст, ки бухси дили хеш барорад, вале одам ҳеҷ аз ин ҳолат таҷриба нагирифт, ки нагирифт ва бухсу кинаро дар дилаш ҷой дода, рўзе онро ба сари нафаре, ки барояш маъқул нест, мерезад.
Мисли оне ки ин субҳ Маннони Ҳусейн дарду алами дили хеш ба сари ў рехт, чун каждуми таги бӯрё ба ў неш зад…
– Мумкин - мӣ?
– Марҳамат, дароед, - гўён Ҳамид Ҷовид аз банди хаёлоташ берун шуда, ба тарафи дар нигарист. Ба дафтари кории ў Сорбони Ҳомид ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Гурезов даромаданд. Сардор ба онҳо даст дода, вохўрӣ намуд ва ҳардуро ба нишастан таклиф кард. Курсии мулоими моҳутдор, ки лаҳзае пеш худаш менишаст, насиби Сорбони Ҳомид гашт.
– Хуш, корҳо чӣ хел, рафиқ лейтенант?
– Бад не.
– Хайр, канӣ шунавем.
– Дар давоми дар ШКД –и ноҳияи Сино…
Ҳамид Ҷовид то ба анҷом расондани гузориши Гурезов муҳри хомўшӣ ба лаб гирифтаву ҳатто боре ҳам суханони зердасташро набурид ва ин ба нотиқ имкон дод, ки тамоми фикру ақидаи хешро аз дидаву шунида дар давоми рўз бори сеюм баён созад.
– Ҳуҷҷатҳои овардаашро санҷида баромадед?
–Бале, – посух дод Сорбони Ҳомид.
– Ҳаракатҳои минбаъдаи ҷустуҷўиро чӣ хел мекунем?
Ин савол ба кӣ дахл дошт, сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нафаҳмид, вале риштаи суханро ба даст гирифта, шогирдро аз варта берун овард.
– Ҳар он чӣ ки дар давоми як ҳафта ба даст оварем, саҳнаи содиршавии ҷиноятро аён месозад. Аз рўи хабарҳои гирифта, ки характери махфӣ доранд, Солеҳ Ҷалилро на як бору ду бор дар минтақаи Хушкакдара дидаанд. Аз рўйи парвандаи ҷустуҷўӣ дар ШКД–и ноҳияи Сино оғоз намуда, Солеҳ Ҷалил дар интиқоли маводи мухаддир даст доштааст ва ҳарчанд нафаронеро, ки дар ин кор ўро айбдор шумурдаанд, мо напурсидем, чунки онҳо дар колонаи ислоҳи меҳнатӣ муҳлати ҷазои хеш адо менамоянд, вале месазад, ки корро дар атрофи ҳамин назария, ки дар нақшаи корҳои ҷустуҷўӣ чун назарияи асосӣ қабул шуда буд, яъне куштор ҳангоми додугирифти маводи нашъадор, давом диҳем.

пешина
аз 513
навбатӣ