АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Мўҳлати миёнаи баромади ниҳолҳо аз рўзи шинондан то баромадани ниҳолҳо 25-30 рўзро ташкил медиҳад. Вале агар лўндаҳо бо майсаҳои сабзида (дарозии майса 1-3 см будан) шинонда шаванд, мўҳлати аз зери хок нешзада баромадани ниҳолҳо 6-8 рўз тезтар мегардад. Давраи сабзиши ниҳолҳо дар чунин ҳолат ва намнокии мўътадил 20-25 рўзро ташкил мекунад. Вале, агар ҳарорати хок дар вақти кишт аз 7 °C паст бошад, лўндаҳои картошка дер сабзида, аксар вақт гирифтори касалиҳои занбуруғӣ ва бактериявӣ гашта, мепўсанд.
Дар вақти то 4–5 °C паст шудани ҳарорати хок инкишофи мўғчаҳо қатъ гашта, дар танаи онҳо лўндачаҳои майда пайдо мегарданд.
Барои тараққиёти хуби баргу пояи картошка ҳарорати 17–22 °C гармӣ мўътадил аст. Дар вақти ҳарорат ба 42–45 °C расидан, тараққиёти ниҳолҳо қатъ мегардад.
Ҳарорати мўътадили хок барои лўндапартоӣ 15–19 °C гармӣ ба шумор меравад. Агар ҳарорати хок аз 6 °C паст ва аз 23 °C гармӣ баланд бошад ин боиси суст гаштани лўндапартоӣ, вале ҳарорати баланди 26–29 °C боиси қатъ гаштани лўндапартоӣ мегардад. Пасту баланд гаштани ҳарорати ҳаво дар давраи лўндапартоӣ боиси каҷу килеб ва ноҳамвор гаштани шакли лўндаҳо мегардад.
Талаботи умумии лўндаҳои картошка ба ҳарорат дар давраи кишт – неш зада баромадани ниҳолҳо барои навъҳои тезпазак – 295–305 °C, миёнапазак-330–345 °C ва дерпазак-365–385 °C-ро ташкил медиҳад. Миқдори ҳарорати мўътадили ҳаво ( баландтар аз 10 °C) барои нашъу намои хуби навъҳои тезпаз ва миёнапаз дар давоми вегетасия бояд 1000–1400 °C, барои навъҳои дерпаз – 1400–1600 °C гармӣ бошад.Ҳарорати оптималии хок барои инкишофи хуби лўндаҳои картошка бояд 17 °C , аммо барои навъҳои дерпаз 19 °C бошад. Дар ҳолати 28 °C будани ҳарорати ҳаво лўндаҳои картошка калон намешаванд. Баргу пояи картошка дар ҳолати 18–25 °C будани ҳарорати ҳаво нашъу намо меёбанд, вале дар ҳарорати зиёда аз 40 °C гаштани ҳарорати ҳаво инкишофи ниҳолҳои картошка қатъ мегардад. Ҳарорати баланди хоку ҳаво боиси вайрон гаштани ҷинси картошка мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё