Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Вале чи тавре, ки маълум аст, ҳосили баланди ин зироат дар ноҳияҳои наздикўҳӣ ва кўҳӣ ба даст оварда мешавад. Масалан, агар ҳосилнокии ин зироат аз як гектар дар ноҳияҳои кўҳӣ 250-300 сентнерро ташкил диҳад, пас дар қисми водии ҷумҳрӣ бошад ҳосилнокӣ 150- 180 сентнерро ташкил медиҳад.
Аз рўи масоҳати кишт ва ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ чунин минтақаҳои асосии картошкапарвариро ҷудо кардан мумкин аст:
минтақаи водии Рашт, минтақаи вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Сўғд, минтақаи водии Ҳисор, минтақаи Вилояи Мухтори Кўҳистони Бадахшон.
Минтақаи водии Рашт. Ин яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварӣ дар мамлакат ба шумор рафта, қариб 40 фоизи истеҳсоли картошка ба ин минтақа рост меояд. Мавзеъҳои картошкапарварии наздикўҳӣ ва кўҳии ин минтақа дар баландии 1200 – 2000 м ва аз ин ҳам баландтар ҷойгир гаштаанд. Дар ин минтақа картошка дар моҳҳои апрел – май кишт гашта, ҳосили он дар моҳҳои сентябр – октябр ҷамъоварӣ карда мешавад.
Миқдори ҳарорати зиёда аз +10 °C дар муддати сол 23,00–40,00 °C– ро ташкил медиҳад. Давомнокии давраи бехунукӣ бошад 180-240 рўзро ташкил дода, миқдори боришоти солона 600-1600 мм аст.
Ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл 18–25 °C –ро ташкил медиҳад. Хокҳои ин минтақа асосан ҷигарии муқарарӣ, ишқорӣ ва сафеди ҷигарии кўҳӣ мебошанд. Дар ин водии кўҳӣ асосан картошкаи дерӣ правариш карда мешавад, яъне кишт дар моҳҳои апрел- май ва давраи чидани ҳосил дар моҳҳои сентябру октябр сурат мегирад.
Минтақаи вилояти Хатлон. Ин минтақаи ҷанубии ҷумҳурӣ буда, иқлими гармро соҳиб мебошад. Қисми зиёди ноҳияҳо дар баландии 300-600 м аз сатҳи баҳр ҷойгир гаштаанд ва дар ин ноҳияҳо картошкаро аз тирамоҳ (дар моҳҳои ноябр–декабр), ё ин ки аввали баҳор (феврал – даҳрўзаи якўми моҳи март) кишт намуда, ҳосили барвақтии картошкаро мерўёнанд. Инчунин дар ин минтақа картошкаро дар охири моҳи июл ва аввали моҳи август низ шинонида, ҳосили дерии ин зироатро ба даст меоранд.

пешина
аз 99
навбатӣ