АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Кишти тирамоҳӣ. Дар кишти тирамоҳии картошка тайёр намудани замину хок яке аз омилҳои асосии ба даст даровардани ҳосили баланд ба шумор мераванд. Замин бояд аввал бо ёрии механизмҳои ҳамворкунанда ҳамвор кунонинда шавад. Баъди ин ба 1 га замин бояд 30-40 тона поруи пўсида ва 70 фоизи миқдори зарурии нуриҳои фосфорӣ ва калийдорро андохтан лозим аст. Пас аз ин қитаъаи замин бояд дар чуқурии 28-30 см шудгор карда шуда, кулўхҳои он бо ёрии механизму воситаҳои мавҷуда майда карда шаванд.
Дар кишти тирамоҳӣ бояд лўндаҳои солим, ки вазнашон 30-60 г бояд ташкил намоянд. Дар кишти тирамоҳӣ фақат лўндаҳои нобурида тавсия карда мешаванд. Чунки онҳо дар вақти кишт гаштан дар зери хок дар давоми зимистон дучори таъсири хунукӣ, намнокӣ ва касалиҳо гашта, метавонанд пўсанд. Лўндаҳо бояд дар чуқурии 17-20 см кишт шаванд, яъне дар болои онҳо бояд қабати хок аз 17 см зиёд бошад, то ки онҳо аз хунукӣ осеб наёбанд.Кишти картошкаро дар тирамоҳ бо ёрии картошкашинонакҳои тақмаи СН-4Б, «Крот», СН-6Б ё ин ки дастӣ мегузаронанд. Агар кишти лўндаҳо дастӣ гузаронида шавад, аввал кашидани қаторҳо (ҷўякҳо) бо ёрии култиватори КРН- 4,2 корро хело осон мегардонад. Метавон ин корро бо ёрии ҳайвонҳои кории хонагӣ (асп, гов, хар) низ ба ҷо овард.
Ҳаҷман калон гаштани лўндаҳои картошкаи барвақтӣ асосан аз нақшаи кишти лўндаҳо, ҳосилхезии замин, ғизодиҳӣ ва реҷаи обмонии ниҳолҳо вобаста мебошад. Масалан, таҷрибаҳои гузаронидаи мо дар давоми солҳои 1985-1987 дар шароити водии Ҳисор (совхози «50-солагии Октябр»-и ноҳияи Ҳисор), нишон доданд, ки кишти картошка аз руи схемаи 70Х30см боиси афзудани лўндаҳои калони молӣ гашта, сарфи тухмӣ дар 1 га ҳамагӣ 2,5- 3,0 тонаро ташкил медиҳад. Бинобар ин мо тавсия медиҳем, ки картошкаи тирамоҳиро аз руи нақшаи (схемаи) 70х28-30см гузаронида, дар як 1га зичии ниҳолҳо бояд 50-55 ҳазор ниҳолро ташкил намояд. Вале барои навъи Пикассо аз сабаби лўндаҳояш нисбатан калон гаштан, нақшаи кишт метавонад 70х25-27см бошад.
Кишти баҳорӣ. Барои хушсифат гузаронидани кишти баҳории картошка дар ноҳияҳои дар водиҳо ҷойгиргашта бояд замину хок барои кишт аз тирамоҳ пеш аз фарорасии фасли сармо тайёр карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё