АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Барои ин замин бояд дар моҳҳои ноябру декабр дар чуқурии 28-30 см шудгор гашта, бо ёрии култиваторҳо ё ин ки ҳайвонҳои корӣ ҷўякҳо ё ин ки қаторҳо кашида гарданд. Дар ин сурат ҳам пеш аз шудгор бояд порў ва нуриҳои маъданӣ бо миқдори дар боло тавсиядодашуда бояд ба замин андохта гарданд. Агар Шумо аз тирамоҳ қаторҳои кишти лўндаҳоро кашида монед ин боиси дар фасли зимистон хоки қабати болоии ҷўякҳо ях карда, баъди фаро расидани рўзҳои гарми офтобӣ хоки боли қаторҳо кавоку майда гашта, барои хушсифат гузаронидани кишти лўндаҳо кўмаки калон мерасонад.
Кишти баҳориро низ метавон бо ёрии картошкашинонак ё ин ки дастӣ гузаронд. Агар кишти лўндаҳо дастӣ гузаронида шавад, хуб мебуд, ки пеш аз кишт ба даруни ҷўйякҳо каме порўи пўсида бо ҳамроҳии нуриҳои маъдании нитрогенӣ, фосфориву калийдор омехта карда андохтан лозим аст. Лўндаҳо бо омехтаи нуриҳо дар қабати дар тарафи офтобрўяи қаторҳо ҷойгир карда шуда, дар болои онҳо 6-8см хок кашидан лозим аст. Якҷоя бо кишти баҳорӣ лўндаҳо андохтани 50 фоизи нуриҳои нитрогенӣ ва 30 фоизи нуриҳои боқимондаи фосфориву калийдор тавсия карда мешавад.
Барои тезтар неш зада баромадани ниҳолҳо майсаи лўндаҳоро пеш аз кишт каме сабзонида шинонанд хуб мебуд. Барои ин лўндаҳоро пеш аз кишт тахминан дар нимаи дуюми моҳи январ зери ҳарорати 10–15 °C дар муддати 12-15 рўз нигоҳ доштан лозим аст. Қабати ғафсии рўи ҳам будани лўндаҳо бояд 40-50см – ро ташкил диҳад. Дарозии майсаи лўндаҳо дар вақти шинондан бояд 1-2 см бошад. Хуб мешуд, ки ин майсаҳо дар вақти шинондан нашикананд. Агар вазни лўндаҳои киштшаванда аз 60 г зиёд бошад, онҳо бояд бо корд бурида шаванд. Қисми буридашудаи лўндаҳо бояд 2-3 чашмак дошта бошанд. Барои оне, ки қисми бурида гаштаи лўндаҳо дар зери хок напўсанд, онҳоро пеш аз кишт бояд бо ёрии хокаи заҳрхимикати ТМТД ё ин ки хокистар кор карда баромадан лозим аст (бо усули гардомехтакунӣ).
Мўҳлати хуби гузаронидани кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал то нимаи дуюми моҳи март ба шумор меравад. Схемаи кишти лўндаҳо бояд 70х25-30 см бошад. Сарфи тухмӣ – 2,5 -3,0 тона ва зичии ниҳолҳо 50-55 ҳазор дар 1 га бояд бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё