Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Органҳои нармкунанда дар чуқурии 14-16 см бояд байни қаторҳоро нарм намоянд. Дар вақти гузаронидани коркарди охирони байни қаторҳо инчунин хоккашакҳо (окучники) низ пайваст карда шуда, якбора қаторҳо хоккаш карда мешаванд ва картошказорро барои гузаронидани обдиҳӣ омада месозанд. Ба ҳамин тариқ коркарди сеюми байни қаторҳо якҷоя бо ғизодиҳии дуюми картошказор ва хоккаш намудани қаторҳо анҷом меёбад. Дар он ҷое, ки ҳамаи ин чорабиниҳо бо ёрии ҳайвонҳои корӣ ё ин ки дастӣ иҷро мегарданд, вақти гузаронидани ин чорабиниҳо бе тағйир мемонад.
Ғизодиҳӣ. Картошкаи барвақтӣ ба мўҳлатҳо ва меъёри нуриандозӣ мўҳтоҷи калон дошта, сифати молии лўндаҳои ҳосил низ аз ғизодиҳии ниҳолҳо вобастагии калон дорад. Махсусан, пеш аз шудгори тирамоҳӣ агар ба 1 га замин 30-40 тона порў ва 70 фоизи нуриҳои маъданӣ (ба монанди суперфосфат ва хлориди калий) андохта гардад, боиси ба даст даровардани ҳосили дилхоҳи картошка мегардад.
Вале нуриҳои нитрогендорро (ба монанди аммофос, нитроамофос, селитраи аммиакӣ) бояд дар вақти гузаронидани кишти лўндаҳо ва дар вақти ғизодиҳии якум ва дуюм (карбамид) ба картошказор дода шаванд. Агар картошка аз тирамоҳ кишт шуда бошад, пас 50 фоизи нуриҳои зарурии нитрогениро ба 15 фоизи нуриҳои фосфорӣ ва калийдор омехта карда, дар давраи ғизодиҳии якум дар давраи баромадани ниҳолҳо (қадди ниҳолҳо 5-10 см будан) меандозанд. Дар давраи ғизодиҳии дуюм, дар давраи шонабандии ниҳолҳо ва хоккаш намудани қаторҳо, низ чунин мутаносибии нуриҳо ва миқдори нуриҳои маъданиро дар омехтагӣ истифода мебаранд.
Нуриҳои маъданӣ бояд дар чуқурии 12-14 см ва дар чунин масофа аз танаи ниҳолҳои картошка гузаронида шаванд.
Дар он хоҷагиҳое, ки нурипошакҳо нестанд, нуриҳоро аввал дастӣ дар байни қаторҳо пошида, баъд онҳоро ё ин ки бо ёрии ҳайвонҳои корӣ ё ин ки дастӣ зери хок мегардонанд. Дар вақти пошидани нуриҳо бояд кушиш ба харҷ дод, ки онҳо ба болои барги ниҳолҳо нарезанд.
Агар картошкаи барвақтӣ дар фасли баҳор кишт гардад, хуб мешуд, ки ҳангоми гузаронидани кишт 50 фоизи зарурии нуриҳои нитрогендорро бо 15 фоизи нуриҳои фосфорӣ ва калийдор омехта карда ба замин андохтан лозим аст.

пешина
аз 99
навбатӣ