АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Коркарди байни қаторҳо. Дар картошказоре, ки аз тирамоҳ кишт гузаронида шудааст ва лўндаҳо зери қабати 17-20 см хок ҷойгиранд бо фарорасидани рўзҳои гарм, аввали моҳи март бояд қаторҳо албатта бо ёрии сихмолакҳо ё ин ки дастӣ нарм карда шаванд.Дар ин сурат бояд қабати болоии хоки теғаи қаторҳои кишт (8-10 см) ба даруни ҷўйякҳо кашида шавад. Ин чорабинии агротехникӣ боиси тезтар нешзада баромадани ниҳолҳо ва нест шудани алафҳои бегона мегардад.
(Агротехника - аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, (агро (agro)- саҳро техник(technic)-санъат), маънояш “санъати деҳқонӣ” ё ин ки маҷмўи усулҳо ва фаъолиятҳо баҳри руёнидани ҳосили баланди зироатҳо мебошад).
То баромадани ниҳолҳо бояд як ё ин ки ду маротиба коркарди байни қаторҳо гузаронида шавад, ки ин барои шикастани сафолаки болои хок, нест гаштани алафҳои бегона ва гарму ковок гаштани қабати хок ёрии калон мерасонад. Коркарди якуми байни қаторҳо бояд 12-15 рўз пеш аз нешзании ниҳолҳо бо ёрии култиваторҳои тақмаи КОН-2,8П ё ин ки КРН-4,2 ва сихмолаи профилӣ ё ин ки занҷирии тақмаи БСО - 4 гузаронида мешавад. Ин корро метавон бо ёрии ҳайвонҳои корӣ ё ин ки дастӣ низ ба ҷо овард.
Дар коркарди якуми байни қаторҳо органҳои нармкунанда, дастакҳои стрелкагӣ ( стрелчатые лапы) бояд дар мобайни ҷўйяк дар чуқурии 12-14 см, дастакҳои буранда бошанд( подрезающие лапы) дар барии қаторҳо дар масофаи 10-12 см аз маркази теқаи ҷўйяк гузошта шаванд. Баъди гузаронидан и ин коркард ва гузаштани 10-12 рўз, ки дар ин вақт ниҳолҳо бояд неш зада баромада бошанд, ба гузаронидани коркарди дуюм бояд шурўъ намуд. Дар ин вақт қади ниҳолҳо бояд 8-10 см ва 3-5 барга бошанд. Ин коркарди байни қаторҳо бо гузаронидани ғизодиҳии якуми ниҳолҳо омехта гузаронида мешавад.Дар ин коркард дастакҳои стрелкагӣ ва сиха (долот) дар чуқурии 12-14 см, ва дорўандозакҳо ҳамроҳ карда мешаванд. Баъди коркарди дуюм агар дар картошказор алафҳои бегона пайдо шаванд, бояд як маротиба дастӣ ( бо кетмен) онҳоро нест карда, назди ниҳолҳоро нарм намудан лозим аст. Коркарди сеюми байни қаторҳоро дар давраи саросар шонабандии ниҳолҳо (яъне пеш аз бо ҳам расидани баргу пояи ниҳолҳо дар байни қаторҳо) гузаронида мешавад. Дар ин коркард низ органҳои нармкунандаи байни қаторҳо (дастакҳои стрелкагӣ ва сиха) истифода гашта, бо ёрии нуриандозакҳо нуриҳо андохта мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё