АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Ин кирм ин чунин лўндаҳои ҳосилро низ хўрда, сифати онҳоро паст мегардонад. Ба муқобили ин зараррасони хавфнок пеш аз ҳама чораҳои агротехникии мубориза, ба монанди киштгардон, яхобмонии қитъаҳои заминҳо дар фасли зимистон, нигоҳ доштани намнокии мўътадили хок (65-85 фоиз) ва сари вақт гузаронидани коркарди байни қаторҳоро тавсия кардан мумкин аст. Барои бо ёрии моддаҳои заҳрноки химиявӣ нест кардани ин ҳашарот тайёр намудани «приманкаҳо» аз аҳамият холӣ нест. Барои ин дар 100кг кунҷола 2кг арсенати натрий ё ин ки арсенати калсий ҳамроҳ намуда, ним соат дар болои оташ онро тафсонда, баъд дастӣ (бо истифодаи дастпушонакҳо)дар байни қаторҳои картошка мепошанд. Сарфи ин приманка дар 1га 40-60 кг – ро ташкил медиҳад. Инчунин ба растаниҳо пошидани маҳлули кории метафос (3кг/га) ва хлорофос (2кг/га) боиси нест гаштани ин кирмҳо мегарадад.
Лўндаҳои картошкаро инчунин як гуруҳ кирмҳои борики симшакл (проволочники) сўрох карда мехўранд ва сифати ҳосилро паст мегардонанд.
Ба муқобили ин крмҳои симшакл зери хок намудани донҳои заҳролўди ҷав, гандум ё ин ки ҷувориммака (дар маҳлули 5 фоизаи пентахлори 22 фоиза донҳоро тар мекунанд) аҳамияти калон дорад. Сарфи донҳои заҳролуд 20-30 кг дар 1 га аст.
Ба муқобили ширинчаҳо, ки дар баргу пояи картошкаи барвақтӣ бисёр дар моҳҳои май пайдо мегарданд, ду – се маротиба пошидани маҳлули кории препарати БИ-58 (40 фоиза), десис, нурел-де, фюре ва ғайраҳо аз аҳамият холлӣ нест.
Истифодабарии ин заҳрихимикатҳо дар давраи баромадани ниҳолҳо ва минбаъдан низ аҳамият дорад. Сарфи ин заҳрихимикатҳо аз 0,5 то 2кг дар як гектар аст.
Картошкаи барвақтӣ, ки дар шароити водӣ парвариш меёбад ва аз сабаби баланд будани ҳарорату намнокии ҳаво бештар ба касалии занбурўғии фитафтороз дучор мегардад. Ин занбурўғ аввал гушаҳои баргро сироят намуда, оҳиста- оҳиста ба тамоми баргу поя паҳн гашта, боиси хушк гаштани онҳо мегардад. Занбурўғ инчунин лўндаҳои картошкаро сироят намуда, боиси пўсиши онҳо мегардад. Ба муқобили ин касалии занбурўғии картошка истифода бурдани моддаҳои химиявӣ ба монанди хокаҳои дар об ҳалшавандаи 50 фоизаи коптан(3кг/га), 70 фоизаи купрозан (2,5 кг/га) ва 80 фоизаи синеб (2-3кг/га) тавсия карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё