АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Сарфи маҳлули корӣ дар 1га 400-600 литр мебошад. Ба картошказор ин заҳрҳоро дар давраи баромади ниҳолҳо ва дар давраи шонабандии онҳо пошидан зарур аст.
Чидани ҳосил. Нишонаи расидани ҳосили картошкаи барвақтӣ асосан зард гаштани баргҳои поёнии пояҳои картошка, ғалтида хоб рафтани пояи ниҳолҳо ва сахт (дурушт) гаштани пўсти лўндаҳо мебошад. Барои хушсифат гузаронидани ҳосили картошказор, дарав кардани баргу пояи ниҳолҳо ва каме нарм намудани байни қаторҳо аҳамияти калон дорад.
Дар баъзе заминҳо аз сабаби сахт гаштани хоки байни қаторҳо баъди даравидани пояи ниҳолҳо ба воситаи култиватори КСН-2,8ПМ ё ин ки КРН – 462Г бо сиха (долот) дар чуқурии 12-
14 см байни қаторҳо бояд нарм карда шавад. Ин чорабинӣ боиси кам захмдор гаштани лўндаҳо мегардад. Ҳосили картошказор ба воситаи мошинаҳои картошкачинаки тағмаи КТН- 2 ё ин ки бо ёрии ҳайвонҳои корӣ ва ё дастӣ чинда мешавад. Ҳосили картошка дар ҷои соя як рўз нигоҳ дошта шуда, баъд дар анборхонаҳо зери ҳарорати +3–5 °C нигоҳ дошта мешавад. Лўндаҳои захмин гаштаро аз ғарами лўндаҳо ҷудо намуда, баъд лўндаҳои солимро дар анборхонаҳо бо ғафсии қабати ҷойгиршавии лўндаҳо дар ғарам то 1 метр мерезанд ва нигоҳ медоранд.
4.4. Агротехникаи картошкаи дерӣ
Картошкаи дерӣ асосан дар ноҳияҳои наздикўҳӣ ва кўҳӣ парвариш ёфта, дар фасли баҳор кишт гашта, фасли тирамоҳ ҳосили вай ҷамъоварӣ карда мешавад. Бинобар ин чунин намуди картошказорҳоро дерӣ меноманд. Дар ҷумҳури майдони картошказори дерӣ қариб 60 фоизи майдони умумии картошкаро ташкил медиҳад.
Киштгардон. Барои ба даст овардани ҳосили баланди картошка дар минтақаҳои кўҳсори мамлакат, ки дар он ҷо дар қатори картошкапарварӣ чорводорӣ низ тараққӣ кардааст ва барои ин соҳаҳои барои мардуми деҳоти кўҳистон зарурӣ баробар тараққӣ ёбанд, чунин нақшаҳо (схемаҳо)-и киштгардонро тавсия кардан мумкин аст, А) схемаи киштгардоне, ки аз 8 қитъа иборат аст,
- қитъаҳои 1, 2 ва 3 – юнучқа, қитъаҳои 4 ва 5 -ум картошка, қитъаи 6- ғалладонагиҳо, ва қитъаҳои 7-8 - ум картошка.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё