Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Сарфи ин заҳрихимикат 5 кг дар 100 л об мебошад. Сарфи маҳлули корӣ бошад 60 литр барои 1 тона тухмӣ аст. Инчунин, метавон лўндаҳои буридашударо ба воситаи хокаи ТМТД низ коркард намуд. Сарфи ин хока 3 - 5 кг барои 1 тона тухмӣ мебошад.
Барои эмин доштани лўндаҳои буридашуда дар сурати набудани ТМТД метавон онҳоро дар хокистар низ безарар гардонид. Дар ноҳияҳои кўҳсор схемаи кишти картошка бояд 70х22-25 см ва сарфи тухмӣ бояд аз 2,5 – 3,5 тона дар 1 га зиёд набошад.
Киштро бо ёрии картошкашинонакҳо, ҳайвонҳои корӣ ё ин ки дастӣ мегузаронанд. Хуб мешуд, ки дар як тарафи қитъаи замин аввал лўндаҳои нобурида кишт гарданд ва баъд лўндаҳои буридашуда кишт карда шаванд.
Коркарди байни қаторҳо. Дар минтақаи кўҳсор низ мисли парвариши картошкаи барвақтӣ, ки дар водиҳо аз баҳор кишт карда мешавад то баромадани ниҳолҳо бояд як ё ин ки ду маротиба коркарди байни қаторҳо гузаронида шавад, ки ин барои шикастани сафолаки болои хок, нест гаштани алафҳои бегона ва гарму ковок гаштани қабати хоки қаторҳо кўмаки калон мерасонад. Коркарди якўми байни қаторҳо бояд 15-18 рўз пеш аз нешзании ниҳолҳо бо ёрии култиваторҳои тағмаи КОН-2,8П ё ин ки КРН-4,2 ва сихмолаи профилӣ ё ин ки занҷирии тағмаи БСО - 4 гузаронида мешавад. Ин корро метавон бо ёрии ҳайвонҳои корӣ, ё ин ки дастӣ низ ба ҷо овард.
Дар коркарди якуми байни қаторҳо органҳои нармкунанда, дастакҳои стрелкагӣ ( стрельчатые лапы) бояд дар мобайни ҷўйяк дар чуқурии 12-14 см, дастакҳои буранда бошанд( подрезающие лапы) дар барии қаторҳо дар масофаи 10-12 см аз маркази теқаи ҷўйяк гузошта шаванд.
Коркарди дуюми картошказорро баъди саросар неш зада баромадани ниҳолҳо мегузаронанд. Дар ин вақт қади ниҳолҳо бояд 8-10 см ва 3-5 барга бошанд. Ин коркарди байни қаторҳо ва ғизодиҳии якўми ниҳолҳо дар якҷоягӣ гузаронида мешаванд. Дар ин коркард дастакҳои стрелкагӣ ва сиха (долот) дар чуқурии 12-14 см, ва дорўандозакҳо ҳамроҳ карда мешаванд. Баъди коркарди дуюм агар дар картошказор алафҳои бегона пайдо шаванд, бояд як маротиба дастӣ (бо кетмен) онҳоро нест карда, назди ниҳолҳоро нарм намудан лозим аст.

пешина
аз 99
навбатӣ