АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Б) схемаи киштгардон, ки аз 9 қитъаи замин иборат аст,
- қитъаҳои 1, 2, 3 ва 4-ум юнучқа, қитъаҳои 5 ва 6-ум картошка, қитъаи 7- ғалладонагиҳо, қитъаҳои 8 ва 9-ум – картошка.
Дар ин схемаи киштгардон қариб 44 фоизи заминро картошка банд менамояд ва ин схемаи киштгардон асосан барои ноҳияҳои баландкўҳ, ки дар он ҷойҳо юнучқазор дар соли якум ва дуюм он қадар ҳосили хуб намедиҳад, тавсия карда мешавад.
В) схемаи киштгардон, ки аз 10 қитъаи замин иборат аст, - қитъаҳои 1,2, 3, ва 4-ум юнучқа, қитъаҳои 5 ва 6 – картошка, қитъаи 7 – ғалладонагиҳо, қитъаҳои 8 ва 9 – картошка ва қитъаи 10-ум зироатҳои сабзавотӣ. Дар ин схемаи киштгардон картошка 40 фоизи майдони умумиро ташкил менамояд.
Г) схемаи киштгардон, ки аз 12 қитъаи замин иборат аст, - қитъаҳои 1- 4 – юнучқа, қитъаҳои 5- 6 – картошка, қитъаҳои 7-8 – қалладонагиҳо, қитъаҳои 9-10 – картошка ва қитъаҳои 11-12 – лубиёгиҳо ё ин ки қалладонву сабзавотиҳо.
Дар ин схемаи киштгардон картошка 33 фоизи заминро ишғол менамояд.
Кишти картошка. Дар заминҳое, ки зироати пешкишт юнучқа бошад, аз тирамоҳ бояд замин дар чуқурии 30-35 см шудгор карда шавад. Инчунин дар тайёр намудани замин дар фасли баҳор гузаронидани шудгори баҳорӣ дар чуқурии 28-30см яке аз чорабиниҳои асосӣ ба шумор меравад. Кишти картошка дар минтақаи кўҳсор дар ҳолате, ки дар чуқурии 10-12см ҳарорати хок ба 6–8 °C мерасад, гузаронида мешавад. Аз давраи гузаронидани кишт то баромадани ниҳолҳо одатан дар ноҳияҳои кўҳсор тақрибан 25-30 рўз мегузарад. Вале, агар ҳарорати ҳаво баланд бошад ин мўҳлат метавонад, ки кўтоҳтар гардад. Барои гузаронидани кишти картошка барои ҳамаи ноҳияҳои кўҳии ҷумҳури вақти мўътадили кишт ин моҳи апрел то 15 моҳи май ба шумор меравад. Чуқурии кишти лўндаҳо дар ин мўҳлат бояд 6- 8см бошад. Вале агар аз ин мўҳлат картошка дер кишт гардад бояд чуқурии кишти лўндаҳо 10-12 см-ро ташкил намояд. Чунки, дар ин вақт намнокии хок кам гаштанаш аз эҳтимол дур нест.
Ба сифати тухмӣ истифодабарии лўндаҳои 30-60 г яклухт ва аз ин калонашро бурида, баъд шинондан лозим аст. Лўндаҳои буридашуда бояд ҳатман 2-3 чашмак дошта бошанд ва онҳо пеш аз кишт бояд дар маҳлули кории 5 фоизаи заҳрхимикати 80 фоизаи ТМТД тар карда шаванд, то ин ки напўсанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё