АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Одам лўндаҳои картошкаро ба сифати хўрокӣ ҳанўз зиёда аз 12,5 ҳазор сол қабл аз ин истифода бурдааст ва аввалин бор ин корро сокинони кўҳистони Америкаи Ҷанубӣ ба ҷо овардаанд (Лехнович, 1956). Одамони кўҳии гўруснае, ки дар қаторкўҳҳои Анд умр ба сар мебурданд лўндаҳои намудҳои ёбоии картошкаро аз зери хок дарёфта, онҳоро ба сифати хўрока истифода бурдаанд. Вале лўндаҳои картошкаи ёбоӣ, ки дар кўҳҳои Анд дар баландии 500 то 4000 м аз сатҳи баҳр мерўиданд, аз сабаби дар таркибашон зиёд будани моддаи заҳрноки соланин хело тунд буданд. Бинобар ин барои нест кардани тундии лўндаҳои картошка онҳоро зери хунукии сахти зимистон ях кунонда, баъд дар ҷои гарм нигоҳ медоштанд. Дар натиҷа бо ҳамроҳии оби аз лўндаҳои хунукзада ҷўдо гашта, моддаи талхи онҳо – соланин низ хориҷ мегашт, ки ин барои хўрданибоб гаштани лўндаҳо мусоидат менамуд. Чунин картошкаро онҳо «чуно» меномиданд ва онро тамоми сол истеъмол менамуданд. Оҳари (крахмали) хушки таркиби лўндаҳои картошка мўҳлати дароз сифаташро гум накарда, хўроки асосии одамони кўҳӣ буд (Юзепчук ва диг.,1929; Юзепчук, 1937).
Баъди оне, ки қитъаи Америкаро европоиён кашф намуданд, картошкаро испанигиҳо тахминан соли 1565 – ум ба қитъаи Европа (Испания) оварданд. Картошка ҳамчун зироати хўрокӣ аз Испания оҳиста-оҳиста дар дигар мамлакатҳои Европаву Осиё паҳн гашт. Тахминан 8000 сол муқаддам дар Перу ва Боливия картошка аз намуди ёбоӣ ба намуди маданӣ (аз тарафи одамон) кишт ва афзоиш дода шудааст(Буксов, 1941; Лехнович, 1956; Будин, 1971; Горбатенко, 2006) . Дар ин муддати тулонӣ зироати картошка аз тарафи деҳқонон ва селексионерон оҳистаоҳиста дар натиҷаи интихоби сунъӣ сайқал дода шуда, нишонаҳои асосии вай, ба монанди серҳосилӣ, тезпазӣ, бомазагӣ, устуворӣ ба касалиҳо ва ғайраҳо беҳтар гардонида шудааст.
Тарақиёти натиҷахоҳи селексияи (навъбарории) картошка аз охири асри XIX ва аввали асри XX сар шудааст (Киру, 2007). То замони ҳозира олимони мамлакатҳои гуногун зиёда аз чор ҳазор навъи нави картошкаро ба даст овардаанд, ки онҳо дар шароити истеҳсолот санҷида шудаанд (Оплеухин, 2013). Навъи наву хуби картошка мувофиқи талаботи имрўзаи истеҳсолот бояд, бештар аз 20 хусусияти (нишонаи) асосиро дар худаш дошта бошад (Носыров, 1986; Муминджанов, 2003; Салимов, 2007; Алиев, 2012; Партоев, 2013; 2014).
Аз ин нишонаҳо пеш аз ҳама серҳосилӣ, тезпазӣ, тобоварӣ ба касалиҳо, сифати молӣ ва таркиби биохимиявии лўндаҳо, қобилияти хуби нигоҳдорӣ дар анборхонаҳо ва ғайраҳо ба шумор мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё