Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Боби 2. КАРТОШКАПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Тоҷикистон ба картошкапарварӣ аҳамияти хоса дода мешвад. Бинобар ин дар соли 2012 Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012 – 2016 қабул шуд, ки мақсади он боз ҳам афзун гардонидани истеҳсоли картошка дар кишвар мебошад. Мувофиқи нишондодҳои коркунони соҳаи тиб дар ҷумҳурӣ як сокин дар муддати сол бояд 100- 110 кг картошка истеъмол намояд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳоло ин нишондод қариб ки ба пурагӣ иҷро гаштааст ва истеҳсоли картошка дар мамлакат сол аз сол ру ба афзоиш мебошад.

Дар оянда барои афзун намудани истеҳсоли картошка навъҳои серҳосил ва сифати тухмӣ омилҳои асосӣ ба шумор мераванд. Дар солҳои наздик майдони кишти картошка дар вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур ва вилояти Хатлон бояд васеъ карда шавад. Пешрафти ояндаи соҳаи картошкапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ташкил намудани системаи илман асосноки тухмипарварии маҳалӣ дар минтақаҳои куҳсор вобастагии зич дорад.
Дар минтақаҳои кўҳсор ба роҳ мондани системаи тухмипарварии бевирусии картошка яке аз омилҳои асосии ба даст овардани ҳосили баланди ин зироат ба шумор меравад.
Таи солҳои охир барои тақвият бахшидани системаи тухмипарварии картошка бо дастгирии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО ООН), Маркази умумҷаҳонии катошка (СИП) дар якҷоягӣ бо Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Университети аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур корҳои илмии аз вирусҳо озод намудани навъҳои гуногуни картошкаро давом дода истодаанд. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик олимони тоҷик дар барқарор намудани системаи илман асосноки тухмипарварии картошка ва пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳими кишоварзии мамлакат саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

пешина
аз 99
навбатӣ