Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Тобоварӣ ба касалиҳо. Тобоварӣ ба касалиҳои гуногун ин ҳам нишонаи авлодӣ ба шумор рафта, ба қобилияти иммунитетии навъҳо, ки дар муддати тулонии филогенез ба вуҷуд омадааст, вобастаг аст. Аз сабаби оне, ки бисёр навъҳои картошка дар шароитҳои гуногуни парвариш, асосан ба воситаи лўндаҳо афзоиш меёбанд ва ин лўндаҳо барои афзоиш ёфтани бисёр намудҳои вирусҳо, занбурўғҳо ва бактерияҳо хело муфид мебошанд, қобилияти тобоварии ниҳолҳоро дар муддати солҳои дароз афзоиш додан паст мегардад. Вале, дар байни намудҳои ёбоӣ ва нимёбоии картошка генҳои ба касалиҳо устувор вуҷуд доранд, ки дар натиҷаи дурагакунии ин намудҳо ба навъҳои маданӣ метавон нишонаи тобоварии ниҳолҳоро ба касалиҳо баланд бардошт.
Тобоварии саҳроӣ ин маҷмўи қобилиятҳои растанӣ, ки сади рахна, ворид гаштан ва афзоиш ёфтани касалӣ (паразит) дар вай ба шумор меравад. Навъҳое, ки чунин хусусияти тобоварии саҳроиро доранд, бешубҳа дар шароити истеҳсолот умри дароз дида,ҳосили баланд медиҳанд. Мувофиқи маълумотҳои солҳои охир дарозии умри истеҳсоли аксари навъҳои картошка то 25 сол давом мекунад. (Оплеухин, 2013.). Инчунин дар байни навъҳои картошка чунин навъҳое низ вомехўранд, ки агарчанде, ки онҳо гирифтори ягон касалӣ гашта бошанд ҳам, вале ҳосилнокиашон он қадар кам намегардад. Чунин навъҳоро навъҳои сердошт (ё ин ки толерантӣ) меноманд. Тобоварӣ ҳамчун нишонаи генетикии навъҳо дар натиҷаи дурагакунӣ дар наслҳои пасоянд ҳамчун нишонаи мағлубшаванда (ресесивӣ) зоҳир мегардад.
Сердоштии лўндаҳо дар вақти нигоҳдорӣ. Лўндаҳои картошка ҳамчун органи вегетативии афзоиш баъди ғунучини ҳосил то фаро расидани мўҳлати кишт дар анборхонаҳо дар муддати зиёда аз 5-7 моҳ нигоҳ дошта мешаванд. Албатта дар ин муддати тулонӣ, барои нобуд нагаштани лўндаҳо дар анборхонаҳо бояд шароити хуб фароҳам оварда шавад. Одатан лўндаҳо дар давраи оромӣ зери ҳарорати +2–+5 °C ва 85-95 фоиз будани намнокии ҳаво нағз нигоҳ дошта мешаванд.
Дар байни навъҳои бисёри картошка чунин навъҳое низ вомехўранд, ки лўндаҳои онҳо дар ҳолати нигоҳдорӣ гирифтори ҳар гуна касалиҳо нагашта, майсаи онҳо насабзида, то фаро расидани давраи кишт вазни худро кам гум мекунанд.

пешина
аз 99
навбатӣ