Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ғўраҳои ҷуфтишударо тирамоҳ пеш аз чидани ҳосил чида, дар турхалтаҳои капронӣ дар бинои хона ё пешайвон овехта, дар муддати 30-40 рўз нигоҳ медоранд, то ин ки онҳо хуб пўхта расанд.
Дар ин муддат пўсти мевағўраҳо каме сафедчатоб гашта, ғўраҳо каме мулоим мегарданд. Баъд аз ин мевағўраҳоро дар даруни зарфҳои сирдор, ё ин ки бо корд бурида ду қисм месозанд, ё ин ки бо даст зер карда мекафонанд. Пас аз он каме об ҳамроҳ намуда, онҳоро барои туруш шудан дар муддати як ҳафта дар зери ҳарорати 20–25 °C нигоҳ медоранд. Дар ин муддат пўст ва диллаи мевағўраҳо аз тухмакҳои ботаникӣ ҷудо гашта, дар болои тўрушоб ҷойгир гашта, тухмакҳои ботаникӣ бошанд дар зери он такшон мегарданд, ки дар вақти бо об шўстани ин тўрушгашта ба осонӣ онҳо ҷудо мегарданд (расми 15). Тухмакҳои ботаникиро як чанд маротиба бо об чақонда, баъд массаи якҷояшудаи тухмакҳоро дар дока дар зери ҳарорати хонагӣ ва ё ин ки дар назди бухории хонагармкунак хушк менамоянд.
Пас аз хушк гаштан, тухмакҳоро дар матоъи карбосӣ ё ин ки дар қоғазпакетҳо, сўрохиҳои хурди ҳавогузаронӣ доранд, дар ҳарорати +2–+4 °C, ё ин ки дар қисми поёнии яхдон, ё ин ки дар шароити ҳарорати хона нигоҳ медоранд. Барои тухмипарварӣ истифода кардани тухмакҳои гибридӣ интихоби волидайнҳо (растаниҳои падарию модарӣ) роли ниҳоят калон мебозад. Пеш аз амалӣ гардонидани барномаи истеҳсоли тухмии картошка аз тухмакҳои гибридӣ бояд генофонди навъ ва намунаҳои зиёди картошкаро солҳои тўлонӣ омўхта, аз онҳо клонҳои (хатҳои покиза) таҷзиянашаванда истеҳсол кунанд. Сониян, қобилияти гардолудкунии гарди гули онҳоро омўхта, инчунин покизагии гибридҳои насли аввалро (F1-ро) дар комбинатсияҳои гуногуни гулпайванд омўхта, боварӣ ҳосил кардан зарур аст, ки насли аввали ин ё он комбинатсияи гибридӣ яклухт мемонад. Баъди чунин натиҷагирӣ, олимон метавонанд ин ё он комбинатсияи гибридкунониро барои истифодаи истеҳсоли тухмии картошка тавсия намоянд.
Ҳангоми риоя нагардидани чунин технологияи истифодаи тухмакҳои ботаникӣ аз миён сабаби аз байн рафтани навъҳои мавҷуда гардида метавонад. Технология истифодаи тухмакҳои ботаникӣ барои истеҳсоли тухмии картошка дар мамлакатҳои гуногуни дунё бо ҳамкорӣ бо олимони соҳа ба роҳ монда шудааст.
Ин усули (методи) ниҳоят арзон ва зуд амалӣ шаванда мебошад,
ки онро дар сатҳи хочагиҳои оммавӣ, хусусӣ ва инфиродӣ ба осонӣ ба роҳ мондан мумкин аст.
Дар ҷумҳурии мо низ технологияи истеҳсоли тухмакҳои гибридӣ дар асоси хатҳои солими картошка (клонҳои падарию модарӣ) аз тарафи олимони Институти ботаника, физилогия ва генетикаи растании АИ ҶТ ва мутахассисони Ташкилоти Ҷамъиятии «Тухмипарвар» ба роҳ монда шуд.
Нигоҳубин намудани дурагаҳои картошка. Тухмакҳои дурагавиро аввали баҳор дар қуттичаҳои қоғазин, ки аз омехтаи хоку поруи пўсидагӣ ( ё ин ки торф ) пур карда шудаанд мекоранд (мутаносибаии хоку порўи пўсида - 1:3). Тухмакҳо бояд дар чуқурии 0,5 – 0,7 см шинонда шаванд. Қуттичаҳоро бо тухмакҳои шинонидашуда то баромадани ниҳолҳо сернам нигоҳ медоранд.

пешина
аз 99
навбатӣ