Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

6.4. Тухмипарварӣ бо истифодаи усулҳои биотехнологӣ
Тухмипарварии картошка дар солҳои охир дар аксари мамлакатҳо бо истифодабарии солимгардонии тухмиҳои картошка бо усулҳои биотехнологӣ ба роҳ монда мешавад. Ин усул мўҳлати ба даст овардани иухми солми элитавиро метезонад вале, нисбатан қимматар аст, чунки дар ин раванд бисёр моддаҳои химиявии қиммат ва инчунин лавозимоту озмоишгоҳҳои биотехнологӣ истифода мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми элитаи истеҳсол шаванда, ба ҳаҷми нахусттухмии солим, яъне миқдори микро- ва минилўндаҳо, шумораи клонҳои интихоб гардида, коэффитсенти афзоишдиҳии лўндаҳои классҳои SSE, SE ва дараҷаи муҳофизати растаниҳо аз сирояти такрории барангезандаҳои касалиҳои дар тамоми давраҳои тухмипарварӣ вобаста мебошад.
Парвариши картошкаи тухмӣ
Киштгардон. Зимни киштгардон барои картошкаи тухмӣ қитъаҳои аз моддаҳои ғизои бой ва таркиби механикии хокашон сабукро ҷудо мекунанд.
Дар минтақаи кўҳӣ барои картошкаи тухмӣ қитъаҳои пешакӣ шудгоршудаи ғалладонагиҳо, зироатҳои лубиёгӣ ва дигар зироатҳои яксола беҳтар аст. Кишти картошкаи тухмиро дар қитъаҳое, ки дар онҳо пеш бо помидор, боимҷон, қаламфур ва алфҳои бисёрсола, аз қабили юнучқа, эспарсет ва ғайра банд буданд, тавсия дода намешавад. Чунки дар ин заминҳо метавонад касалиҳо ва зараррасонҳои дар хок буда, аз қабили кирми тирамоҳӣ ва симкирминаҳо метавонанд ба ҳосил хисороти калон расонанд.

пешина
аз 99
навбатӣ