Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ГУЛНАЗАР
ҒАМХАР
Аз рўи одат ҳар саҳар як бор бозорро давр мезад. Донистан мехост, ки оё растаҳои холӣ аз меваю сабзавот пур шудаанд ё не. Баъди он ки бинои як вақтҳо касногузару касмабини ҳукумат аз ҷониби дастаҳои мухталифи мусаллаҳ зуд–зуд аз даст ба даст мегузаштагӣ шуд, бозор ҳам камодаму камчиз гардид. Дар ҳар шаҳр чанд ҷои муҳим ҳаст, ки аз зиндаву подор будани зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад. Вақте ки фурудгоҳу вокзал ва бозор камодам шуд, пайдост, ки зиндагӣ дар ҷои худ таваққуф кардааст ва ё рў ба завол ниҳодааст.
Ин саҳар бозор хунук ва ифлос буд. Ду–се пиразан колаву косаҳои кўҳнаи худро дар канори майдон рўи рўзномаҳои дарида бенизом чида, роҳи харидори тасодуфиро мепоиданд. Дар атрофи бочкае, ки бо бўр дар болояш «Пиво» навишта шуда буд, чанд тани хуморӣ ҷумбуҷўл доштанд. Аз афташ, сарҳошон сахт дардманд буд, ки беқаророна ба чор сў назар меафканданд ва фурўшандаи «беғами падарлаънатро» интизорӣ дошт.
Беғаму падарлаънат буданашро худи дардмандон баланд такрор мекарданд, вагарна Гулбойи бечора аз куҷо медонист, ки ў кисту чӣ хулқу атвор дорад. Дуруст мегўянд, ки ҳар кас ба таври худ девонааст. Носкашҳо ҳам аламу ташвиши худро доранд. Дар атрофи ягона носфурўш тапу талош мекунанд, гўё дар навбати нон истода бошанд. Аз ин манзара дар чеҳраи коҳидаи Гулбой аранге табассум дамид. Як вақт рўзномае алайҳи носкашҳо мубориза сар кард. Аз фаррошҳои безоршудаи кўчаҳо то профессорони соҳаи тиб ба хурўш омаданд, аз зарару касифиҳои нос шикоятҳо карданд, мақолаҳо навиштанд. Аз ҳама аҷибаш он буд, ки гузаштагони мо, ки қалами худро дар роҳи афзун гардонидани арзишҳои инсонӣ фарсудаанд, низ носро мазаммат кардаанд. Як донишманди донишгоҳ чанд байти ниёгонро ҷамъ оварда чоп кард ва ҳамаро дар ҳайрат мононд...
Ногоҳ аз тарафи чапи бозор нолаи най баланд шуд. Аз дур бисёр фораму дилнишин садо медод ва ба муҳити ҳузнангези шаҳри офатрасида созгор буд. Воқиан най чӣ асроре дорад, ки якбора ба дил кора мекунад? Шояд аз он аст, ки нолааш ба оҳу фиғони инсон мемонад?

пешина
аз 276
навбатӣ