Шоҳроҳи истиқлол

Дар умри нимасрааш бори нахуст барои аз озодӣ маҳрум кардани мурғаке даст зад. Илоҷи дигар надошт, дарди сар шуда буд ин мурғак. Дар ҳавлии деворҳои печонидаи атрофаш ҷо–ҷо сўрохдор, ки гурбаҳои гушна пайти муносиб ёфта, даробаро мекарданд, кабкро озод нигоҳ доштан ҳеҷ мумкин набуд. Маҷбур шуд, ки мурғаки озодро қафасӣ намояд.
То чашм ба ҳам зад, ки аз миён панҷ сол гузашт. Дар ин муддат мурғаки лоғар ҷон гирифт, фарбеҳ шуд, овоз баровард, вале аз шарбати озодӣ баҳраманд нагашт. Фикри даво надоштани ин дарди ҷонгудоз соҳибашро азоб медод. Медонист, ки сабаби он ҳама некияш гуноҳи дар қафас нигоҳ доштанро ҷуброн карда наметавонад.
Мехост кабкро аз қафас озод карда, худро аз кашидани бори ташвиши беҳуда раҳонад. Бигузор мурғакаш тўъмаи гурбае ё саге шавад, вале зоминӣ ба гардани ў наафтад. Боз дудила шуда, аз райаъш мегашт. Сабаби дар байни чорроҳаи андешаҳои бесару нўк мондан дунёро дар шакли қафас диданаш буд. Байни замину осмон, ки дар оғўшаш ҳамаро ҷо додааст, қафаси бузургро мемонад. Дар чор унсури азал ҳам баробари нишонаи зиндагӣ асари маргро мебинад. Ба ақидаи ў инсон аз нияташ дар ин қафас ва дар байни обу оташ ва боду хок афтода, аз дидани рўи осудагӣ маҳрум мегардад. Як умр роҳаш аз қафас ба қафас аст. Аз қафаси пушти падар ба батни модар, аз батн ба олами қафасмонанд, аз он ҷо ба лаҳад, баъд ба қиёмат, давоми роҳашро намедонад, мусофире ки рўи озодиро намебинад.
Аслан, озодӣ шиор аст. Мақсади дар зери ин парчам қадам задан пинҳон кардани макру найрангҳост ва пиёда намудани ҳадафҳои судманди гурўҳест. Инсон ҷои сарфи маблағҳои бо ҳар роҳ ба каф овардаашро наёфта, барои соҳибӣ шудани ба дурўза нақшаҳои пешниҳоди кирмакҳои аз пушти шолӣ обхўрро нишони башардўстӣ пиндошта, дастгирӣ менамояд. Бехабар аз он ки ин тоифа таҳти унвонҳои « Зўроварӣ», «Хушунати оилавӣ», «Эҳтиёт аз микробҳои таъсирбахш», «Барҳам задани сатҳи камбизоатӣ» ва дигар дарду балоҳо барномаҳо тартиб дода, ба ин васила қисми зиёди маблағҳои сарпарастонро обу лой мекунанд. Ва парвои ҳал шудану нашудани масъалаҳи муҳимтарини ҳаётро надоранд.
Мурғаки бечораи бехабар аз ин рўсиёҳиҳо боз аз ин тоифаи худхоҳ озодӣ умедвор аст. Намедонад, ки худи инсон барои тасаллои дилаш умре бонги озодӣ зада, чизи набударо ҷустуҷў мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ