Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Рўзе ҳангоми дондиҳӣ кабкашро ба зудӣ наёфта, сахт асабонӣ шуд. Ҳама ҷоро кофт. На пеши хона монду на паси хона, на ҷои худӣ монду на аз бегона. Ба ҳар сўе, ки нигоҳаш афтод, фақат мурғони хонагӣ ва чанд майнаву мўсичаро дид. Баъд чизеро пай бурдагӣ барин, ба болохона, ба ҷои хўрдану хуфтани устоҳое, ки дар хонааш кор мекарданд, баромад. Тирезаҳоро баста дид. Кушода ҳам ки мебуданд, кабк ҳанўз қудрати аз баландӣ ба поён париданро надошт. Агар ба зинаҳо поён мефаромад, бо ў рў ба рў мешуд. «Ба ҳеҷ куҷо нарафтааст, дар ҳамин болохона пинҳон аст»–аз дил гузаронд ва қолину кўрпаҳоро тагурў кард. Оқибат кабкашро аз таги бастаи сабуки гарминигоҳдорӣ ёфт. Кошкӣ намеёфт. Ҳолашро намедиду намесўхт. Рўи по истода наметавонист кабк, як тарафи баданаш шох шуда буд. Чашмакони маҳзунаш базўр кушодаву пўшида мешуданд. Зери бори баста ҳам ки мемонд, бояд ба ин андоза беҳол намешуд. Парҳои хунолудашро ҳилол карда, аз таги қаноти чапаш пораи сангчаи нўгтезро кашида гирифт.
Баданаш аз зарбаи сахт сўрох гашта буд. «Ин кори устоҳост.
Кабкро ҳангоми дар рўи ҷойхоб гаштан ё ба дастархон по мондан ва ё ахлот кардан зада, барои ошкор нашудани сир ба зери баста пинҳон намудаанд»,–хулоса баровард соҳибаш. Аз парҳои хуни ҳанўз лаълнабаста маълум буд, ки ин ҳолат чанд лаҳза пеш рух додааст. Устоҳо ҳам навакак аз сари дастархон хеста буданд.
Охирин маротиба ба чашмакони ба андозаи пилишки сўзан кушодаи кабки миранда нигарист. Мурғак гўё бо забони чашмони пур аз нигоҳи ҳасрат мегуфт: « Дар ҳар қадами ин дунё дому қафасе будааст. Дидаву дониста чаро маро дар қафаси дигаре нигоҳ доштӣ, барвақтар озодам мекардӣ, намешуд? Чаро ба қисматам зомин шудӣ? Интизориҳои шабонаву рўзонаи маро бо чӣ ҷуброн мекунӣ »?..
Баъди лаҳзае кабк чашмонашро тамоман пўшид, дигар баданаш намеҷунбид. Аз чашмони соҳибаш ашки ҳасрат мерехт. Ва бо нигоҳи ашколуд аз пушти шишаи он баландӣ медид, ки дар саҳни ҳавлӣ устои хиҷолатманде хоки андоваро не, гўё хоки қисмати худро мебехт…

Ҳ АСРАТИ ДИДОР

Зимистони тўлонии онсола, ки мисли ҳокими шаҳди косаи мансаб чашида мавқеашро бекашмакаш ба фасли баҳор додан намехост, бисёр сарди сахттаъсир буд.

пешина
аз 276
навбатӣ