Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Лашкари тундбоди муҳофиз қудрати худро нишон дода, сад дар сад дуруст будани мақоли «Наврўз, чил кунда бисўз»–ро тасдиқ мекард. Намедонист, ки дар як гўшаи фалак низ лашкари нерўманди нурҳои офтоб ҳамчун ҷонибдор барои ба сари қудрат омадани намояндаи фасли баҳор нақшаи ҳуҷум мекашад ва мардумро аз вартаи ноумедӣ мераҳонад. Воқеан, мардуми интизори баҳори оламафрўз аз хирагии ҳавои барфолуд ва хонанишинии худ безор шуда буданд. Рўз дар миён барфи майда ё лак–лакӣ меборид. Дар боғҳо ва дашту ҳомун аломати бедоршавии табиат ба чашм намерасид. Сафедпўшони ғазабдор ҳанўз ҳам бедодӣ карда, имкон намедоданд, ки сабзпўшон ҳам аз гиребони худ сар бароранд. Идома ёфтани ин мубризаи сахт умеди ҳастии деҳотиёни захираашон камшударо то андозае барҳам мезад. Аслан бисоти рўзгори содаи онҳоро ду–се халта гандуму чанд дарза ҳезум ва андак хасу коҳ ташкил медод. Аксар каҳдону ҳезумхона ҳатто пари коҳу чўби дандонковӣ надошт. Онҳое ки дар мавсими дарав ба бепарвоӣ, мушкилоти фасли сарморо саҳл мепиндоштанд, акнун худро дар паси дари хонаи мардуми андак захирадор мегирифтанд. Гоҳо хоҳишашон иҷро мешуду гоҳо не. Дорандагон ҳам аз пешомад метарсиданд. Зеро лашкари бераҳми сармо аз доираи итоат берун баромада, мехост ки ҳоли ҳамаро аз будаш бадтар бикунад.
Ёрони аз ҳама ноумедгашта илоҷи дигар наёфта, бо дили нохоҳам роҳи саҳроро пеш мегирифтанд. Онҳо хору хаси баргрехтаи аз бори барф хамхўрдаву шикастаро даравида, ба хона меоварданд ва то рўзи дигар аз банди мушкилоти ҳаёт мерастанд. Дар миёни хаскашон писараки тахминан 14 солае низ буд, ки бо чеҳраи коҳидааш аз дигар даравгарон фарқ мекард. Кабудии дастон ва дир–дир ларзиданаш аз ҷисми обутобнаёфта ва дасту бозуи пурзўр надоштанаш гувоҳӣ медод. Бечора бе мадади дигарон дарзаҳоро ба маркаб бор карда наметавонист. Маркаб ҳам аз итоат сар печида, ғамаш медод. Гоҳо аз якбора давидану ногаҳон дар ҷо истодан бораш чаппа мешуд ва гоҳо аз бадхислатӣ сараш дар зери бори дарзаҳои партофтааш мемонд. Писарак маҳз ба ҳамин сабаб тоқа ба саҳро рафтанро хуш надошт, ҳатман хамроҳ мекофт. Гоҳо маҷбур мешуд, ки тани танҳо ба саҳро биравад. Агар ба адир нарафта, мисли занбўри асал холӣ ба хона бармегашт, зери борону барфи таънаву маломат монда, субҳи умедаш ба шоми ҳасрат табдил меёфт. Ҷабру зулме, ки дар хона медид, аз мушкилоти бори аз маркаб афтода ва ҳуҷуми сармои қаҳратун ҳам сангинтар буд.

пешина
аз 276
навбатӣ