Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳуқуқ дорад, ки мустақил бишавад, агар падар дошта бошад, метавонад ба даргоҳи падараш биравад…»
Писарак аввалҳо сабаби ин таъқиду ишораҳоро дар тангдастӣ ва мушкилоти рўзгор медид, баъдтар нуктаи назараш дигар шуд. «Наход сабабгори ҳама бадбахтӣ ва пешомади нохуб танҳо ятимаке бошад? Чаро модар пишаки фарзандони дигарашро пишт нагуфта, фақат маро сарзаниш мекунад?
Ё ки қасди шавҳари авваларо аз писари худ гирифтан мехоҳад? Ба гардани як писараки бехабар аз он рўзгор партофтани бори ҳама гуноҳ аз рўи инсофу адолат нест. Чӣ гузашт аз байнашон, надонад…»
Писарак баробари дидаи ақл кушодан худро дар ҳамин хона дид ва бори нахуст падар доштанашро дар роҳи мактаб аз забони ҷавони хушсурате, ки худро амаки хурдияш муаррифӣ кард, шунид. Падарашро ҳамранги амакаш пиндошта, бо симои падарандар муқоиса кард. Гардани баланд, рўи сафеди омехтаи сурхӣ, мўйлабу абрўвони дудӣ, бинии рости беайб, чашмони рўшани обдор, гўшҳои андозааш миёна ва мўйҳои сиёҳи андак ҷингиларангаш ўро аз дигарон фарқ мекунанд. Вале нишонаҳои ин тасвиротро дар чеҳраи сиёҳрангу гундимонанд ва чашмони бумии падарандараш пайдо карда натавонист. Бо гузашти солҳо шояд ҳамин фарқият алами модарашро зиёд карда буд ва гумон мекардӣ, ки ў қасди шавҳарашро аз писараш гирифтан мехоҳад. Зеро писараш каллаи кандаи падараш буд...
Барфҳо ҳам об шуданд, нишонае аз ҳуҷуми лашкари сармои аз яхҳо сипару найзадор ҳам намонд. Фасли баҳор ҳокими мутлақи қаламрави диёр шуд. Офтоби саховатманд ба дили хок гармӣ бахшида, дашту ҳомунро сабзпўш кард. Насими накҳатдор вазида, ба кас рўҳу ҳаловат мебахшид. Баъди чор моҳи дағдағаи ҳокимӣ лашкари шикастхўрдаи сармо рў ба гурез оварда, дар паси ағбаи умр макон гирифта бошад ҳам, вале писарак ҳанўз чеҳраи офтоби меҳри обкунандаи яхҳои дилашро намедид ва аз доираи муҳити сарди андешаҳои дерина берун баромада наметавонист. Шабҳоро бо камхобӣ рўз мекард.
Дар торикии хона, ки чароғҳоро барвақт хомўш мекарданд, ғайри шамъакони дидагони ятимаке, ки рахшиданашонро дигарон пай намебурданд, шабчароғе вуҷуд надошт. Писарак атрофи чандин масъалаи муҳим, ки паҳлўҳои фардои ҳаёташро дар бар мегирифтанд, андеша карда, ба саволҳои пайдошуда ба қадри фаҳм посух мегардонд. Саволҳои беҷавоб ҳам кам набуданд.

пешина
аз 276
навбатӣ