Шоҳроҳи истиқлол

Дар ин миён хаёлан худро дар паҳлўи падар ва ба сараш дасти навозишро медид. Падар ўро мошинсавор то назди донишгоҳ бурда, аз пайи кор мерафт. Дар ў нишонаи фиребу найрангро надида, корҳои бозорӣ ва сарфи маблағро ба ихтиёраш супурда буд. Бо вуҷуди ин модарандар аз рашки зиёд дар дили кўдаконаш нисбат ба ин меҳмони нохондаи комилҳуқуқ ҳисси бадбинӣ мепарвард. Писарак дар ин даргоҳ низ ранг нагирифтани обашро эҳсос карда, ба кадом дар задани сари сахташро намедонист. Вале ҷонибдории падар умеди бадбинонро барҳам зада, ҷавлонгоҳи боварию эътиқодро барояш васеътар мекард. Маҳз ҳамин андешаҳои эътимодбахшу хулосаҳои бароварда ва ёфтани таъбирҳои хобҳои дида, ўро ба сари мақсади дидани дидори падар меовард. Оқибат рақами телефони кории қиблагоҳи ҳанўз надидаашро пайдо карда, аз телефони хонаи як рафиқи ҳамсолаш бо ангуштони ларзон рақам гирифт. Аз он сў садои ба овози амакаш монанд ба гўш расид. Фаҳмид, ки гўшакро падараш бардоштааст. Баъди салом гуфт:– Агар пул қарз гирифта ба шаҳр биёям, маро қабул мекунӣ?
–Нашинохтам, худро шинос мекардед.
–Ман писаратон Нодир.
–Нодирҷон?
–Бале!
–Нодирҷонамро, шираи мағзи устухонамро ба ҷону дил қабул мекунам. Қарз нагир, ба дарё рўи ниёз наовар, пуле, ки мефиристам, то бегоҳ ба дастат мерасад. Тавонӣ, ҳар чӣ зудтар биё, ҷони падар, туро бетоқатона интизорам, зудтар биё, ки аз дидани дидори мубораки ту дили солҳо ноосудаам ором бигирад.
–Меоям, додоҷон, пагоҳ не, албатта пас фардо меоям…
Ҳолати падар чӣ гуна буд, инро Худо медонад, вале бори нахуст дар чашми писарак ашки шодӣ пайдо шуд. Илтифоту шунидани сухани нарм шўълаи меҳре буд, ки дили солҳо сардашро якбора гарм кард.
Қарибиҳои говгуми ҳамон рўз, ки навакак азони намози шомро дода буданд, ҷавони ношиносе даричаи ҳавлиашонро кўфта, номи Нодирро ба забон гирифт. Писарак, ки дар пеши дари каҳдон буд, сабадро як сў гузошта, зуд ба истиқболаш шитофт. Хайрият, ки аз омадани он ҷавон касе хабар наёфт.
–Ба ман Нодири писари Наим лозим, мебахшед, шумо кӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо