Шоҳроҳи истиқлол

Меравам бегоҳ – ҳоло марказ рафта – назди раиси Баста, ҳарчанд гови лагадзан аст, лек некшир низ ҳаст, шояд пешдод бидиҳад...
– Қурбон, биё аввал ин табукро, не хато кардам, ин такукро биёошом, баъд аз раису аз раис, аз ҳар касе мехоҳӣ ҳарф бизан!
– Мон аввал диламро холӣ кунам!
– Ана ҳамин чиз – ба «такуки» дасти Мирак ишора кард Пирак, – ҳам дилро холӣ мекунаду ҳам сарро!
Мирак лабханде кард, резамоҳие аз «хон» бардошт ва бонкаро ба лаб бурд.
– Гўр ба сари ин раиси Баста, агар корафтода шавад «Миракҷон!» хитоб мекунад, агар ҳоҷат ба ў барӣ, дағдаға меоғозад: «бангӣ! Бангат тамом шуд? Ман соҳиби ганҷи Қорун наям, бал моли мардумам, Мехоҳӣ чӣ бигирӣ?
Пешдод? Ман коҳпораи туро дар коҳдони колхоз шинохтаам. Агар пешдод мехоҳӣ бирав пеши Пешдодиён! Ин ҷо кохи Каён не, идораи колхозчиён. Донистӣ? Ман аспамро дар тавилаи Пешдодиён набастаам, хўша аз порисаи партия чидаам. Ту ҳам бирав, бичин, баста!
– Ҳарчӣ нагўӣ, дар гап шайтонро гўл мезанад, биё барои ҳавай бинўшем!..
– Барои вай мурдашўи деҳа Бобокўчак бинўшад! Ман барои Барзу барин ҷавонмардҳо менўшам, агар онҳо набошанд, дар пешонии нақб рўшноӣ намебинӣ...
– Чӣ, чиро намебинӣ?
– Яъне «в конце тоннеля света невидать!»
Ҳар ду дар Русия адои хидмати ҳарбӣ карда буданд, аз ин рў русиро каму беш балад. Бо завқ хандиданд.
Баъди «такуки» дуюм чеҳраи ҳар ду шукуфо шуд.
– Медонӣ девори чиниро барои чӣ сохтаанд? – суол кард Мирак аз Пирак.
– Инро кўдак ҳам медонад. Барои он ки қавмҳои ваҳшиву нимаваҳшӣ мулкашонро натозанд.
– Дидӣ, намедонӣ! Маро ки шабҳои ҳушёрӣ хоб намебарад,
– сари бисёр муаммоҳои зиндагӣ андеша мекунам. Муаммои девори Чинро низ шикоидаам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо