Шоҳроҳи истиқлол

Мирак бемадор рўи харак нишасту ҳой-ҳой ба гиристан оғозид. Холдор кўшид, ки ўро ба навъе аз шўхиаш огоҳ созад, ки ба мақсад нарасид. Даст афшонду дур шуд.
Мирак ниҳоят ором гирифту бо умед аз Пирак пурсид:
– Рост мегуфт?
– Агар Холдор дурўғ нагўяд, дониста бош, ки Холдорро даҳон дўхтааст.
Онҳо боз ним соати дигар рўи харак нишаста буданд, лек аз ягон «аҳли дард» нишон наёфта.
Билохир, ки дар фикри бархостану паи рўзгори нобасомони худ рафтан доштанд, бахт ба рўяшон хандид.
Барзуи геолог аз кўҳи Оҳан фурў омада буд, то хорбори тиҳигаштаи анбори дастаашонро такмил диҳад. Ба онҳо салом доду ба мағоза даромад ва ду тўбраро аз хўрданиву нўшиданӣ анбошт, бо кўмаки Мирак Пирак онҳоро ба танбуки зин аз чапу аз рост гузошт ва бо банде баст. Пасон лаҷоми аспро аз сутуни айвонча биҳишт, омодаи рафтан шуд ва бо ҳамин фармон ёфтан ин ду танро навишт. Аммо худо ба дилаш раҳм андохт, ки нигоҳи часпандаи ин ду талбандаро ба худ афканда дид, лаҷомро ба дасти Мирак доду боз дохили мағоза шуд, бо як бутал арақ ва қуттии консерви «Резамоҳӣ» берун омад, онҳоро ба дасти Мирак тапонду лаҷомро аз дасти Пирак раҳонд ва ба роҳ афтод.
Чун бомгўшаи оғили колхоз дигар моли онҳо набуд – чанд мўйсафеди замингир онро соҳиб шуда буданд – ба мавзеи тоза хушкардаи худ, ба ангатзори лабобаи Кафкрўд рафтанд.
Пиёла бо худ надоштанд, дар ин тангдастӣ шишаро гулўкаш карда, ҳаққи ҳамдигарро хўрданӣ набуданд, бонкаи «Резамоҳӣ»-ро бо чокуи Пирак боз карданд, резамоҳиҳоро рўи барги азими карафс /куруш/ рехтанд, бонкаро дар оби рўд шустанд ва ба ҷои ҷом истифода бурданд.
– Хўш, – ба гап оғозид Мирак, – субҳ табъам гирифта буд, ҳамин ки чашм аз хоб кушодам, занак ба ман чашм дамонда буд ва дағдаға оғозида буд, ки хонаандар пиёлае орд дар хамба неву чумчае рўған дар чова. Ман, ки аз тақозои замона силитраро намаку калбузи бибӣ Марямро амак гуфтаам, ҳанўз ба он поя нарасидаам, ки бачаҳоям гурусна бихобанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо