Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мирак ба роҳи омадааш бо хаму чам бармегашт. Чун ба масҷид расид, аз он чи дид, хело ҳам тарсид, чароки чун меомад ба идораи колхоз масҷид дар дасти чап буд, ҳоло дар дасти рост бовиқор устувор истода буд. Мирак ҳангу манг атрофро нигарист то аз нафаре сабаб ҷўяд.
– Ҳой, касе ҳаст?! – садо баланд кард вай.
Манзили бобои Сангин дар канори масҷид воқеъ буд. Вай аз оғози баҳор то поёни поиз дар кафаи айвони болохонааш мехобид. Нимхез шуд, поёнро нигарист, Мираки ширакайфро дид, бо лаҳни мулоиму лабханди намакин пурсид:
– Чӣ шуда, оғои пухолӣ, баъд аз кайфи пахолӣ?
– Масҷид, хуб дар ёд дорам, дар дасти чап буд, ҳоло аз рост намоз хондан доранд. Сабаб чист?
Бобои Сангин ғайри ихтиёр хандид.
– Магар хабар надорӣ, ки масҷид намози аср аз чап ба рост кўчид? – бобои Сангин зоҳиран хеле ҷиддӣ буд, ҳарчанд дарун-дарун завқ мекард.
– Чи ҷўрӣ кўчид?! – Мирак аз ин хабар қариб буд ҳушёр шавад.
– Мулло Бухоризода азоим хонду бар масҷид дамид...
– Худоё, тўба! Аз ин деҳи исқотӣ ҳар чи зудтар мебояд по ба ягон гўшае кашид!
Ва ў боз бо хаму чам ба роҳ афтод.
Ба манзил расид, зану бачаҳоро дар хона надид. Чун сандуқро даҳонбозу баъзе чизу чораҳоро бардошта дид, ба яқин донист, ки зан таҳдидашро ба ҷо овардааст: ба хонаи модараш рафтааст. Пеши худ гуфт: «оҳанро дар гармиаш мебояд кўбид!» Ва равон шуд ба хонаи хушдоман.
Дари ҳотаро кўфту андарун рафт, занаш берун наомад, бачаҳо дар назар натофтанд, ин хушдоман буд, ки аз хона бадар омад, сартопои ўро бо нигоҳи забунсоз барандоз кард ва бо нафрат, ба ҷониби Мирак туф андохт. Туф ду-се қадам дуртар аз вай ба замин афтод.
Мирак даҳон боз карда чизе гуфтанӣ буд, ки дид туфи хушўяш дамидан дорад.
Туф дамид-дамиду шакли муштро гирифт, боз мушти нарангушт аз байни ангушти ишора ва миёна гузаштаро.

пешина
аз 276
навбатӣ