Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мирак аз тарс гоме пас ниҳод, мушт ёзиду ба даҳану бинии ў зарбе зад. Мирак чапагардон шуд ва ҳамоно сари по шуду гурезон.
Хаш-хашзанон то суфаи айвон расид, рўи намадпора нишасту ҳамоно дарвозаро бо чашм мепармосид, ки ана алъон он мушт андарун меояд. «Вай чӣ бало буд?!» Кам-камак ба худ омад. Шерак ҳам шуд, ки пеши худ андешид: «ҳеҷ гап не, чунон ки мулло Бухоризода мегўянд, «пои таҳаммул ба домани сабр мебояд кашид! Ду-се рўз мегузараду ҳам ба дили зан мезанаду ҳам ба дили хушдоман, чаҳор даҳонро хўрондану чаҳор танро пўшондан кори саҳле нест, ё зан меояду ба қисмати талхаш тан медиҳад, ё хушдоман меояду зора мекунад: «дар пеши поҳот мурам, домодҷон, қавматро соҳибӣ кун, ки миёнам шикаст!»
Аммо ҳафтае гузашт, моҳе гузашт, на зан омад, ки бор кашад, на хушдоман, ки зор шавад. Мирак ночор монд ва ҳайати шукўҳманд бо солорони барўманд барои оштӣ фиристод, лек ҳеҷ натиҷа надод...
Чора ҷуз ин надид, ки лунгӣ даври камар бубандад, ба назди кампири Осуда равад ва худ сар хам кунаду зора, ки испанду хаси чорраҳаву мўи ғўлу косаи дарвешу оинаи лабшикастаатро пеш ор, афсун куну фикру зикри зану хушдоманро дигаргун! Ба дарди танҳоиву афтодаҳолии ман на оби ҳаёт мехўраду на дуди барот!
Намози шом рафт, то ба чашми ҳамсоягону бомгўшиён наафтад. Худо кунаду афтад, расвои олам мешавад.
Кампири Осуда ўро бо диққат гўш кард, алами дилашро донист, бандчаи испанду хаси чорраҳаву мўи ғўлу косаи дарвешу оинаи лабшикастаро берун овард ва аз Мирак чор тор мўи занашро хостор шуд.
Дархости кампири Осуда дар назари Мирак саҳл тофт, чаро ки дар хонаи ў аз мўи занаш зиёдтар чизе набуд. Занаш хурофотӣ буд. Мўи шонаи сарашро намесўхту намепартофт, ба ҳар роғу лоу чоки девору сутуни айвон метапонд. Аз ин рў кампиракро гуфт, ки панҷ дақиқа сабур бошад, вай дартоз мераваду бармегардад.

пешина
аз 276
навбатӣ