Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шабона барфи зиёд боридааст ва сафедии атроф чашми касро мебарад. Замин, дарахтон, бому бомгушаҳо – ҳама дар зери барфи мулоими сафед. Касе барфи таги пойро шибба карда то дари оғил пайраҳа кушодааст. Маълум: падарам ба гову гўсфандон хўрок додааст. Пайраҳаи дигар тарафи кўча мебарад. Ҳа, Зўҳро чун ҳарвакта аз шарраи таги дарвозаамон бо сатилҳо об кашондааст.
...Болои боми хонаҳо аз мўриҳо ба осмон дуд мепечад.
Ман ғарқи ин манзараи дилфиреб лаҳзае дар остонаи хона таваққуф мекунам. Ва мешунавам, ки касе дар болои бом ҷумбуҷўл дорад. Сар боло карда мебинам, ки чӣ тавр падарам бо бели паҳни чўбин барфро гирифта. ба поён мепартояд. Ба ў Зўҳро кўмак мекунад.
"Қарс",– мебарояд ногаҳон овозе ва чизе гулдуросзанон ба замин меафтад. Бо ҳарос он тараф менигарам. Маълум мешавад, ки шохи зардолуи пири рўи ҳавлиамон бори гарони барфро бардошта натавониста афтидааст. Мебинам, ки Зўҳро ҳам аз овози ногаҳонӣ як қад парида, аз кор боз меистад. Ду рухсорааш аз хунукӣ лолагун гардидаанд, аз харакатҳои чобукона нафасаш тез шудааст.
Зўҳро ба ман амма мешавад ва ҳамроҳи мо зиндагӣ мекунад. Модаркалонам дами маргаш ба падарам таъкид карда буд: "агар хоҳӣ, ки ман дар гўр осуда хобам, ўро бо номи нек бароварда, соҳиби бахт кун". Зўҳро аз ман нўҳ сол калон аст ва ҳамин сол мактабро тамом кардааст. Забонам хеҷ намегардад, ки ўро амма гўям ва ман, ҳарчанд борҳо аз калонсолон гап шунидаам, ҳангоми муроҷиат факат номашро мегирам. Аммаам аз ин парвое надорад, ў ба ман меҳрубонона муносибат мекунад, вале ин монеъ намешавад, ки ў гоҳе ба буни гарданам мушти обдоре ҳам фурорад.
Ҳамин дам фикре ба сарам мезанад: ана ман ҳоло он ҳама алами худро хоҳам гирифт. Дар камин нишаста, зуд дар дастам барфро кулўла мекунам ва нишон гирифта, ба тарафи Зўҳро мепартоям. Зўҳро қад боло кард ва нигоҳаш ба ман уфтод. Чашмони сиёҳи қатрониаш аз қаҳр барқ заданд, лабонаш париданд. Барфкулўлаи дуюм рост ба чоки гиребонаш даромад.
–Ўҳ!– дод зад вай ва бо ангушт ҷониби ман таҳдид кард.
Фурсати мижазанӣ ҳам нашуда, ў тирвор бо нардбон аз бом поён шуда, аз думболи ман давид. Дастгирам кард ва ба замин ғелонд ва барфро ба сару рўям шакидан гирифт.

пешина
аз 276
навбатӣ