Шоҳроҳи истиқлол

Ман додгўён дасту по мезадам, худро раҳо карданӣ мешудам, вале Зўҳро факат механдид ва маро аз чангаш cap намедод.
Бозии моро овози норизоёнаи модарам қатъ гардонд.
–Шўхӣ бас! Ин духтара бинанд, ба қад расидаасту ҳоло ҳам рафтораш кўдакона. Беҳтараш рафта кори хонаро кун.
Зўҳро маро cap дод ва сурх шуда, ба тарафи хона рафт.
...Касе аз байни анбўҳи одамон гузашта маро бо китфаш тела дод. Ман як қад парида аз хаёлҳои ширини давраи бачагӣ ба худ омадам. Дар толор ғалоғула буд, мардум аз интизорӣ хаста шуда буданд.
–Ба диққати мусофирон',– аз овозбуро баланд шуд садои ҷарангосии гўянда.– Парвози тайёраҳо аз сабаби бад шудани ҳаво то соати чаҳордаҳи вақти маҳаллӣ мавқуф гузошта мешавад Ба соат нигаристам. Ақрабакҳои он рақами дувоздаҳро нишон медоданд. "Эҳ, намерасонам",– ғамгинона аз дил гузаронидам тилгроми якҷоя бо чеки ҳавопаймо дар кисаам бударо, ки чун санги гарон ба сари синаам фишор меовард, ба ёд оварда.
Зўҳро духтари хушандом, боҳаё ва меҳнатӣ буд. Одатан ин гуна духтарон ба балоғат ки расиданд, дар хонаи падарӣ бисёр таваққуф намекунанд. ҳамин ки ў мактабро тамом кард, хостгорон ҳам омадан гирифтанд, вале Зўҳро гапи тўйро шунидан ҳам намехост ва хостгорон ҳамеша ду даст дар бинӣ баромада мерафтанд.
–Чӣ ин кадар якравӣ мекарда бошад?– кифт дарҳам мекашид модарам.– Инаш ба вай маъқул не, ваяш маъқул не.
Шояд фикр кунад, ки ба ў ягон шоҳзодаи афсонавӣ хушдор мешавад. Бо ин ҳавою ҳавасат боз пирдухтар нашавӣ, Зўҳро!
Ҳар вақт калимаи "шоҳзода'–ро шунида, Зўҳро оҳиста механдид. Касе намедонист, ки дар дили ў чӣ гапҳо мегузараду сабаби якравиаш чист. Гоҳо ў ба абрўвонаш ўсма кашида, ба ман айёрона чашмакӣ мезад ва худро дар оина тамошо мекард. Гоҳо ў маро гўё намедид нигоҳаш ба куҷое дўхта мешуд ва аз ҳаяҷони қалби ҷавонаш дарак медод. Мурғи хаёлҳои ширинаш ўро ба куҷоҳо, ба кадомин мулку диёр мебурд? Чи орзуе, афсонае дар дили ў ошён гузошта буд? Кист он шоҳзодае, ки ў интизорӣ мекашад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо