Шоҳроҳи истиқлол

Шарму ҳаёи духтарона ба Зўҳро имкон намедоданд, ки дарди дилашро ба касе гўяд. Вале рўзе аз рўзҳо ин сир барои ҳама ғайричашмдошт ошкор шуд, ки сабабгораш ман будам.
Фасли баҳор наздик омада буд. Ҳоло дар ёдам нест, ки он рўз дар таҳмон ман чӣ мекофтам. Вале ҳамин ки даст ба таги кўрпаи махмалин бурдам, ҳис кардам, ки ангуштонам ба як чизи шарақосӣ расиданд. Қоғазпечи на он қадар калоне буд ва вақте ки ман бо таҳрики ҳисси кунҷкобӣ онро кушодам, як даста мактуби бо тартиб чидашуда ба замин афтод.
Ин дам як чизе ҷарангосзанон ба рўи фарш ғелон шуд.
Зуд хам шуда бардоштам. Он ангуштарини зебои мунаққаш буд, ки нигини калони зумуррадӣ дошт. Ман пеши тиреза омада ангуштаринро дар рўшноӣ доштам. Он якбора дурахшида ба чанд ранг тобид. Худо донад, ки устояш ба ин мўъҷизаи кўчак чи қадар қувва, ҳунар ва меҳру муҳаббати худро ҷой карда бошад.
Мактубҳо ба ёдам заданд. Ман зуд назди таҳмон баргашта, яке аз онҳоро гирифта ба хондан cap кардам "Азизи ман, Зўҳро! Дар фироқи ту рўз дар назарам чун сол менамояд ва ангубин бароям ба мисоли заҳр талх аст.
Ман фақат бо як фикру хаёл ба хоб меравам: Худоё, лаҳзае дидори Зўҳроям боз кай фаро мерасад.
Дирўз боз ба хобам даромадӣ ва ман дастонатро ба дастам гирифта, дер ба чашмонат нигоҳ мекардам. Чашмони ту ба сони осмон софу ба мисли баҳор беқаъру зебоянд…"
Э–ҳа! Ҳеҷ гумон намекардам, ки Зўҳрои мо чунин чашмон доштааст. Вале он дам бароям ин чиз муҳим набуд. Ман ҳарчи зудтар фаҳмидан мехостам, ки кист ў, ки дар фироқи аммаҷони ман ин қадар азобу ҷазоб мекашад, аммаҷонам ба хобаш медарояд?
Мактуб бо хати майдаи хоно дар ҳаҷми чанд саҳифаи дафтари мактабӣ иншо шуда буд. Ман мактубро батамом нахондам, балки саҳифаи охирашро гардонда, ба ҷое ки одатан номи муаллиф сабт мешавад, чашм дўхтам. Нор...
Акнун ба ман ҳамааш рўз барин аён гашт. Шоҳзодае, ки Зўҳро ннтизорӣ дошт аз ҳеҷ афсона не, балки писари заргари ҳамдеҳаамон– Нор буд. Ў ба падараш дастёрӣ мекард ва бо вуҷуди ҷавониаш мегуфтанд, ки панҷ панҷааш ҳунар аст.
Асбоби ороише, ки ин косибони авлодӣ месохтанд, харидори зиёд дошт. Пас ангуштарине, ки аз байни мактубҳо баромад, маҳсули дасти Нор аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо