Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ман худро гунаҳкор ҳис мекардам.
... Садои гўшкаркунандаи ҳуштак ҷараёни фикрҳои маро қатъ гардонд. Дар толор мағал хеста буд, лекин ман ҳанўз ҳам банди хотироти хеш, чи воқеа шуданашро намедонистам. Ду милиса ҷавони барзангии ришаш расидаро, ки бадмаст буданаш аниқ буд, пеш андохта мебурданд. Аз паси онҳо кампири резапайкаре саросема қадам мемонд ва дуои бад мекард:
–Э, муттаҳаме! Қариб ҳамёнамро дуздида барад. Шарм кун!..
Марди миёнсоли чарминапўши мўйлабӣ, ки дар шафати ман нишаста буд, анбони сафарии маро нишон дода гуфт:
–Хушёр бошед, ки бағоҷи шуморо ҳам ба яғмо набаранд.
Дар фурудгоҳу вокзал ин саҳл гап.
–Ҳа.. Дуруст мегўед,– анбонамро наздиктар кашида парешонхотир ҷавоб додам ман.
... Ҳамин ки Нор аз хизмати харбӣ баргашт, заргар дарҳол ба назди падару модарам хостгор фиристод. Баъд аз адои расму русуми бобоӣ дар хонаи мо тайёрӣ ба тўй оғоз ёфт. Падарам бо ният як ҷавонаро баста монд ва ду бор ба шаҳр рафта бозорӣ кард. Модарам аз даруни сандуқ матоъҳои пинҳон кардаашро як–як бароварда, барои арўс курта медўхт.
Вале рўзи тўйро эҳтимол аз ҳама беш ман интизорӣ мекашидам. Ман борҳо дар деҳаамон тўю сурро дида будам ва акнун бо шавқ тасаввур мекардам, ки чи гуна ин маросими зебо ва куҳан дар хонаи мо мегузарад, ду дилдодаро васл месозад.
Шаби тўй дар хонаи арўс, яъне дар хонаи мо байни хавлӣ гулхан меафрўзанд ва ёру ҷўраҳои шаҳ дар гирди он дастафшон ғазал мехонанду покўбон cap меандозанд. Баъд арўси чодирпўшро бароварда болои аспи ба зину ҷиҳоз савор мекунанд. Мувофиқи оин падарам аз пеши арўс мешинад ва дар мушояати иштирокчиёни тўй бо созу тараб ҳамагон ба хонаи шаҳ равон мешаванд.
Ва инак он рўзи муборак фаро расид. Ҳама хурсанд, ҳама дар такопў. Падару модарам меҳмононро пазироӣ намуда, муборакбодиҳои онҳоро бо тамкини зоҳирӣ қабул мекунанд.
Ҳама мамнун, ҳама розӣ, ба ҷуз як кас: Зўҳро.

пешина
аз 276
навбатӣ