Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ў, чунонки арўсро мебояд, дар кунчи хона зери чодар нишаста, ашк мерезад. Чаро, ҳайрон шудам ман. Охир ў ба шахси хостааш, ба Нор мерасад...
–Чаро нагиряд охир?– меҳрубонона посух дод модарам.– Охир хонаи падарро аз ин баъд тарк мекунанд... Қисмати мо занҳо ҳамин.
Инро гуфта, модарам оҳ кашид. Зўҳро пеши чашмони ў калон шуда буд ва модарам ўро мисли духтари худаш дўст медошт.
Вале чӣ бояд кард, ки дар чунин рўзи хотирмон табъи Зўҳро хуш шавад, дар лабонаш ханда гул кунад?
Ногоҳ фикре аз сарам гузашт: гиряи вай барои ҳамон ангуштарин аст, ки ман дар байни кўрпаҳои таҳмон ёфта будам. Вақтро ғанимат дониста чун бод ба даруни боғ, сўй булути пире, ки ангуштаринро дар ковокии он пинҳон карда будам, давидам... Онро ёфта, бо остинам чангашро пок намудам. Ангуштарӣ ҷило дод.
Ноаён аз меҳмонхона, ки он ҷо занҳо базм ороста буданд, гузашта назди арўс омадам ва хомўшона дастамро дароз намудам. Дар кафи ман тўҳфаи Норро дида, чашмони Зўҳро аз хурсандӣ барқ заданд. Баъд ў сари маро ба сандуқи дилаш пахш карда бўсаборон кард, дар як вақт ҳам механдиду ҳам мегирист.
Ҳарчанд ман нигарони афрўхтани гулхани арўсӣ будам, вале иштирок дар маросими гусели арўс ба ман муяссар нагардид. Ман, ки аз тохту този рўзона хастаю лакот гашта будам, ноаён дар зери нимпўстини падарам, ки касе охиста ба болоям партофта буд, хобам бурдаасту лаҳзаи гусели Зўҳроро надидам.
– Хез, писарам! Об овардан лозим!– ин овози модарам аст, ки бо чеҳраи хастаю маҳзун маро бедор мекунад. Атроф ҳама сокит, хомўш. Гўё на тўй буду на меҳмону на созу суруд. "Эҳ, дар хоб мондаам!"–худро коҳиш кардам ман ва давида аз хона берун баромадам. Дар миёни хавлӣ, он ҷо ки дишаб гулхан месўхту мардум гирдаш рақсу бозӣ мекарданд, фақат як мушт хокистар монда буду бас.
... Касе оҳиста аз оринҷам мекашад. Баргашта ҳамон марди чарминапўши мўйлабиро дидам.
–Хаҳ, хунукиро бинед!– бо овози гирифта гуфт ў.– Хезед, як буфет рафта гарм шавем.

пешина
аз 276
навбатӣ