Шоҳроҳи истиқлол

Аз паси майдонҳои пахта талҳо намоёнанд, ки аз болои онҳо хати ҳавоии қавии барқ мегузарад. Дар каноре одамон ба сохтани корхонае машғуланд. Аз заводе дуди сиёҳ ба фазо мепечад…
– Офтоб нест! – худ ба худ такрор кард рассом. – Офтоб дар кадом нуқтаи осмон бояд ҷой гирад. Дар шарқ, дар ғарб ё байни осмон. Офтоб зери абрҳои сиёҳ мондааст. На! Агар хуршед зери абрҳо бимонад, он гаҳ ба рўи кўҳу талҳо соя мефарояд.
Ў намехост он чизе ки дидааст, он чизе ки дар тасаввури ў ғунҷидааст, он чизе ки вуҷуди ў – Зарробро ба ҷўш овардааст, тағйир диҳад. Ў зиндагиро васф мекард. Барои ў ҳар лавҳаи табиат вуҷуди зинда буд. Инсон хушбахттарин офаридаи Парвардигор, ки зебоиҳо ва накўиҳоро ҳис мекунаду дар оғўши табиат умр ба сар мебарад. Зарроб мехост бигўяд:
Эй одамон, сар бардоред ба осмони нилгун, ба хуршеди тобон,ба қуллаҳои сап – сафеди кўҳҳо бингаред, хуни бадани шумо, рўҳи шумо ба онҳо пайваста аст. Агар ин Фалак, ин Замин набудӣ, онгоҳ шумо ҳам набудед. Бингаред ба чор тарафи хеш…
Дари коргоҳи рассом тақ–тақ шуд. Зарроб ба дили нохоҳам ба паси дар рафт.
– Кист? – пурсид ў.
– Ман, Дилбанд! – шунида шуд садои занонае аз паси дар.
Зарроб худ ба худ ғур – ғур карда гуфт:
– Сабр кун, калидро ёбам, мекушоям.
Ў танбалона аз паси дар байни хона омад. Рўи расми кашидаашро пўшонд. Сонӣ аз байни коғазпораҳо калидро гирифта ба сўи дар рафт. Онро кушод. Зани бисту панҷ – сисолае вориди коргаҳ шуд.
– Ин ҷо торик – ку? Чароғ надоред?
Зарроб чароғи барқии даромадгоҳи хонаро равшан кард.
– Ана, ин кори дигар. Телефонатон кор намекунад? – пурсид Дилбанд.
– Не, – гуфт Зарроб, – кор накарданаш беҳтар.
Дилбанд ҳис кард, ки табъи Зарроб хуш несту парешонхотир аст. Пурсу пос ва саволу ҷавобро давом надода, хомўшона ба назди мизи кори рассом рафт. Зарроб аз рўи курсие коғазҳоро гирифта, барои нишасти меҳмон ҷой тайёр карда гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо