Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ў дигар бора шавҳар накард.
Ба дафн расида натавонистам. Як бел хок ба гўри аммаам тақдир накард. Вакте ки ба деҳа омадам, мардум аз гўристон баргашта дуои фотиҳа мекарданд. Одами бисёре буд, мисли ҳамон вақте ки Зўҳроро савори аспи сафед гирифта бурданд.
Кӣ медонист он вақт ки ў, дере нагузашта, вопас мегардад.
Вале акнун ҳама медонанд, ки ў дигар вопас намеояд. Аз он ҷое ки Зўҳрои нокомро савори аспи чўбин бурданд, роҳи бозгашт нест.
Касе аз хешовандон маро як сў хонда бо маҳзунӣ гуфт:
–Раҳматӣ пеш аз вафоташ хохиш намуд, ки ин чизро ба ту диҳем.
Ман ба дасти дарозшуда нигаристам ва ... ангуштаринро дидам. Оре, хамон ангуштарине буд, ки писари ошиқи заргар – Нор барои Зўҳрои нозанинаш сохта буд ва ман онро ёфта, сирри онҳоро фош карда будам.
Ашки шашқатор беихтиёр аз чашмонам равон шуд.
Равшани ЁРМУҲАММАД

ШАФАҚИ СУБҲ

Ба назараш чандест, ки кораш пеш намерафт. Субҳ ба коргоҳаш меомаду ними шаб ба хона бармегашт. Баъзан дар рўи кати нимдоште, ки матои фарсудаи рўи он доғ гирифта буд, мехобид. Ҳама чиз дар ин коргаҳ парешону бетартиб ба назар мерасид: қуттии рангҳо, мўқаламҳо, сангу чўбу лавҳаҳо … Қариб ҷои помонӣ намеёфтед. Ў рангҳоро бо ҳам меомехт, бо мўқалам рўи коғази ғафсе доғҳо мегузошт, то бифаҳмад аз ин амалаш чӣ ранги тозае ҳосил шудааст.
Рўзҳое буданд, ки ў соатҳо рўи курсии чорпояи чўбин менишасту тамоку мекашид. Чароғи рўи мизи ў он ҷоеро, ки рангҳоро бо ҳам меомехт, равшан мекард. Дар пешгоҳи хона лавҳаи калоне меистод, ки рўяш бо карбоси сафеде пўшида буд. Рассом Зарроб ҳар субҳ ин карбосро аз рўи лавҳа мегирифт. Ду чароғи муқобилашро фурўзон мекард. Худ ба ақиби утоқ мегузашту ба расм аз ҳар нуқта менигарист.
Ин расми нотамом ранҷи заҳмати даҳсолаи Зарроб буд. Ў ҳарчанд мекўшид, ки онро зудтар ба итмом бирасонад, аммо наметавонист. Дар он, ба назараш, ким – чӣ намерасид. Ана, ў ҳамин ким – чиро ҷустуҷў мекард. Шабҳо бехобӣ мекашид, рўзҳо рў – рўи хона қадам мезад. Аз нобарории кораш асабӣ мешуд, тамоку мекашид, қаҳваи талх менўшид.
… Аз дур қуллаҳои кўҳ намоёнанд. Онҳо сап – сафед. Дар фазо абрҳо мегарданд. Абрҳо сафедтоб, порча – порча. Аз самти Ғарб абри сиёҳе ҳаракат дорад. Раъду барқ медурахшад. Гўё он ба камари кўҳе бархўрдааст, ки аз чанд ҷое шарораҳо бархестаанд. Дар домани кўҳҳо рамаҳо мечаранд, ки борони маҳине ба сари онҳо мерезад. Чўпон ба осмон менигарад. Ў аз омадани абри сиёҳ дар ташвиш аст. Дар самти дасти рости лавҳа водии зарнигоре тасвир ёфтааст, ки мардум машғули коранд. Талу теппаҳо, деҳаҳо, дарахтони пиру ҷавон, ҷўйборҳо, роҳҳо … Мошинҳо дар ҳаракатанд. Дар пеш: майдони пахта, занон, духтарон, тифлон машғули чидани он. Дар сари майдон зане тасвир ёфтааст, ки домани пур аз «тиллои сафед» дорад. Сараш ба рўймоле баста, чеҳрааш равшан нест.

пешина
аз 276
навбатӣ