Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аброр ЗОҲИР

СЎХТОР

Нисфирўзӣ ғалоғулаву фарёди имдодхоҳона, гиряву шевани занона хўроки мардуми деҳро заҳр кард. Ҳама луқма дар даҳон ба сўи овоз давиданд. Табақҳои таом рўи дастархони бефотиҳа ҳайрон монд.
– «Об бизан?!»
– «Зинаро мон!»
– «Пожарникда» телефон кунед!»
– «Ту Ҳомид чақонӣ, бизан хез, хонаи раис, телефон дорад», – гуфт бобои Хол.
Ҳомид сўи хонаи раис давид, ки канори деҳа воқеъ шуда буду сол то сол ҳудуди он аз ҳисоби замини колхоз, ки аз марзи ҳаёти ў оғоз меёфт, вусъату паҳно пайдо мекард.
Панҷараҳои найзадори ҳаёта чун лашкари Темурланг заминҳои колхозро қадамзанон ба тасарруфи худ медаровард.
Ҳомиди бечора, дар сари телефон чун талабаи духон намедонист ҷиҳати даъвати сўхторхомўшкунандагон қадом рақамро чинад. Сар мехориду шарм медошт, ки пурсад.
Ғалоғула нерў пайдо мекард. Зану мард, пиру барно атрофи хонаро печонда, ба сари оташ об мепошиданду хок.
Бобои Қурбон, «бале» мегуфту бо тамоми овоз ҷавононро ба мубориза даъват мекард.
– Дар хоки потон садқа, тоқат кунед, лаба таги дандон карда, як зўри дигар бизанед!
Кампири Баргӣ дояи собиқадори деҳа, бо остинҳои дарози чочалагирияш рўяшро паноҳ карда, дарун – дарун механдид.
Кампири маст гуноҳашро дар он лаҳзаи пуртаҳлуқа пардапўш мекард. Аммо китфонаш меҷунбид. Чашмони айёраш медурахшиданд. Мушхандаи ўро сухани бобои Қурбон сабаб шуда буд, ки дар даъвати ҷавонон баён кард. Кампир гапро чап бурд.
Момаи Савлат, миёни чангашро ба зўр ба такяи асо дода, дами дарвоза баромад. Наими набераашро дастгир карда, рафтан намемонд. Наим саги воҳимазадавори силтав зада, ба тамошогоҳ шитофтан мехост. Аммо кампир бо ҳама заифии зоҳирӣ ҳанўз боқувват буд.
– Куҷо меравӣ?

пешина
аз 276
навбатӣ