Шоҳроҳи истиқлол

Оё субҳ дамидааст, мо торикиро тарк гуфтаем?
Ў ба расми кашидааш бо диққат нигарист. Ҳа, Зарроб то имрўз ба хулосае наомадааст, ки офтобро дар самои кишвараш тасвир кунад. Бале, ҳама чиз ба дамидани субҳ иртибот дорад. «Тоҷикистони хушбахти ман», ба сари қуллаҳои сафедат шафақи субҳро мебинам, пардаи хираи шаб аз рўи водиҳоят бардошта мешавад, чеҳраи хандони занонро мебинем, ки дар майдонҳоят кор мекунанд!
«Худоё, – гуфт худ ба худ Зарроб, – оё ман манам. Чаро ин фикрҳо ба сарам меоянд? Чаро ман дамидани субҳро надидаам, чаро одамон аз ман пештар аз хоб хестаанд? Ё ман хоб мебинам? Ин ҳама таҳаввулот шабаҳ аст, ки маро аз чор тараф мефишорад».
Ў бовар надошт, ки аз хоб хестааст. Мўқаламро ба даст гирифту ба назди расм рафт, то эҳсос кунад, ки аз олами авҳом бурун омада, дар рўи фарши хонаи хеш қадам мемонад. Дамидани шафақи субҳро кашид, ки сурхчатоб буду сиёҳии шабро фурў мебурд, чеҳраи дашту даман ва одамонро равшан мекард…
Соли 2001

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо