Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сўхторро хомўш карданд, акнун расид вақти он ки санад тартиб диҳанд.
– Сабаби сўхтор чист? – пурсид сардори оташнишонӣ.
– Ку пурсам? – пеши ҳамсараш рафт Саттор.
Саволи Саттор ўро ба худ овард ва якбора ба рўи Сайлӣ, ки аз лаҳзаи сар задани сўхтор ба як по рост буду ба ў ҳамдардӣ мекард, ҳуҷум кард:
– Кўдакони ту карданд.
– Девона-ку нашудаӣ?
– Худам дидам. Ба ду чашми сарам дидам, ки писари дуюми ту Расул аз болохонаи мо фаромад.
– Аз Худо битарс. Тўҳмат назан! Кўдакони ман дар ҳавлӣ бозӣ доштанд.
– Аз Худо ту наметарсӣ, ки дидаву дониста писаратро тарафгирӣ мекунӣ…
Оташнишонҳо рафтанд. Дар назди хонаи нимсўхтаи Саттор мўйсафедони ҳангомаҷў монданд.
– Кори бачаи дуюми Барот будааст, – гуфт бобои Қурбон.
– Ўро ба мактаб – интернати бачаҳои душвортарбия додан даркор, – гуфт бобои Хол.
– У бачаро чашмаш безеб аст. Аз ў некӣ намеояд, – гуфт Қаландари бўчка.
– Аз Барот рўидагӣ, ба фикри ту одам мешавад? Тақдири ў ҳам чун падараш хоҳад буд, – гуфт Убайди шофир.
– Шаттоҳии зани Барота дидед? – ба онҳо рў овард Саттор, – Рўйрост мегўяд, писари ман оташбозӣ накардааст.
– Кӣ мегўяд дўғи ман туруш аст? – хандид бобои Қурбон.
– Ҳама карасинҳоро сарф кардӣ? – ғур ғур кард ҳамсари Нўъмон…
– Ба фикрам Қаландари бўчка фаҳмид.
– Ҳеҷ кас нафаҳмид…
– Оба чӣ хел партофтед? – қаҳ – қаҳа зад Қамар.
– Оби аз кампири Савлат талабидаи бобои Қурбона? Лекин бобои Хол фаҳмид, ки барқасд ба дигар ҷо партофтем.
– Хизмати асосиро Ҳомид кард.
– Ба Ҳомид гап нест. Ба фикрам ба 03 ҳам занг назадааст.
Агар занг мезад, ёрии таъҷилӣ меомад…
– Ба фикрам тамоман занг назадааст.
– Бо тилфон сару кор нагирифта бошад, аз куҷо медонад, ки рақами 01, 02, 03 чист?

пешина
аз 276
навбатӣ