Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Кӣ оташ зада будаст? – пурсид зани Нўъмон.
– «Гурга дуру майдона холӣ дидаанд». Гуноҳа ба гардани писари дуюми Барот заданд.
– Писари Сайлӣ?
– Агар Барот дар озодӣ мебуд, кӣ ҳад дошт дар ҳаққи кўдаконаш гап занад?
Дар ҳавлии бобои Хол ба шарафи гаҳворабандони наберааш занҳо ҷамъ омада буданд. Мавзўи асосии баҳс боз ҳам сўхтори дирўзаи хонаи Саттор буд.
– Сайлӣ бебало дум – думи зани Саттор намегаштааст.
– Бо ин роҳ гуноҳи писарашро паноҳ карданӣ будааст– да…
– Не, зани Саттор, аз одамгарӣ бў бурдагӣ нест. Агар заррае инсоф медошт, дар ҳаққи занҳо унхел намегуфт. Мо-ку тамошо нарафта будем.
– Сайлӣ ба гуфти ту ноҳақ таҳқир дидааст?
– Ина боз Худо худаш медонад…
– Писари Барот – да. Падараш кӣ буд? Аз ў рўидагӣ одам мешавад?
– Одам шуданаш ба гумон.
– Кори кардагиша кард. Саттори бечора ба кун шишт.
Меҳнати якумрааш ба бод рафт.
Аҳли деҳа, мўйсафедони рўзгордида маслиҳат ҳам карда
Сайлиро аз деҳа кўчонданд. Оқибати корро «андеша» карданд пирони кор. Охир писарони ў ҳоло кўдак буданд. Агар солманд шаванд, аҷаб не дуди деҳаро ба осмон хезонанд.
Сайлӣ ба чор кўдаки ноболиғ аз деҳа дод гуфта баромад.
Касе тасаввур карда наметавонист, ки он рўзи даҳшатбор дудбарои трактори «Беларус» – и Мирзо ба даромадгоҳи болохонаи Саттор рост шуда буд, ки трактор дар зери боми он аз дарвозаи дутабақа даромада буд, меистод. Онҳо бехабар аз сар задани сўхтор аз телешка коҳ мефароварданд.

пешина
аз 276
навбатӣ