Шоҳроҳи истиқлол

Ҳабиба ҷониби овози дурушт теғи нигоҳ афканду бе лому мим ба кори худ андармон гашт. Ба ҷойи бону Муҳаммад посух дод:
–Мебинӣ азодор аст. Шоми дирўз дугонаи ҷониаш аз дунё даргузашт. Тасмим гирифтем, ки имрўз ба кор андармонаш накунем, танҳо барои коргарон ғизо омода кунад, кифоя. Бону қабул кард.
Шаманови дароз лангон назди Муҳаммад омаду бо як даст аз гиребонаш чанг зада, дуд аз гулўи дўғу даранг бардошт:
–Нагўйед, ки нагуфтам: дар ин ҷо фақат ман ва раис ҳукм мебарорем, на каси дигар! Агар ҳар касро ба сару пойи худаш монем, саг соҳибашро намешиносад, олам ҷазир мешавад. Дунё бедарвоза нест, соҳиб дорад. Фаҳмидед?!– чанголашро аз гиребони Муҳаммад раҳо карда, бо сахтӣ пурсид:–Ун занаки дароз чӣ ном дорад?
–Ҳабиба,–кўтоҳ посух дод Муҳаммад.
–Шавҳар дорад?
–…
–Чаро дамат дарун зад? Шў дорад, мегўям?!
–Писару духтар дорад, беҳамсар. «Худоё, чӣ иштибоҳе!»
–О–ҳо, гови гўсоладор аст, гўй! Ҳеҷ гап не, дар ин замон гови багўсола бақадр, нозу нузаш камтар, хору молаш ширинтар, баракаташ зиёдтар. «Тарбуз авло аз харбуза», тарбуз нақду харбуза нася. Аспаш ҳам бад не, а?! Раисзеб!–ҷониби Муҳаммад абрў паронда, лаб лесид Шаманов. «Кош, ба ҷойи пакана худам раис мебудам, то кабки мастро муфт ба чангол меовардам. Барои якдаст ҳайф мешавад ин парӣ, ҳайф! Ё калағафсро огоҳ накунам?! Бигзор якваҷаба бурутҳои шофашро тоб додаву яку–ду карда гардад… Не, номардӣ мешавад, аз боварӣ мебароям, беҳтараш аз як лаб нон намонам. Разведка бояд воқеан ҷосус бошад, на хиёнаткор!»
Аз пушт нохост овози раис баланд гардид:
–Бар падарат лаънат, хар, ҳайвон, самбақа! Қасам ба номи доҳии пролетариати ҷаҳон, агар дар қалби пурсўзам муҳаббати якдилии меҳнаткашон ҷо намедошт, баъзе холабеғамҳоро дар як мижа хоку туроб мекардам! Ту ба чӣ сафсатаҳо машғулӣ? Корат фақат ҳет–ҳет гаштан, бо ҳар сангу сафол яку–ду кардан! Одамонро кӣ назорат мекунад, гургхўрда?! Кай канал кофта мешавад, кай об меояд, кай ғалла мекоранд, кай боғ мекунанд?!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо