Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамакнун тасмим аз шумост: биистем ё ба чор сў биравем?.. Агар биистем, худамон месозем, на каси дигар, агар биравем, ба нестӣ меравем, на ба ҳастӣ!..
Одамон ба тафаккур фурўтар рафтанд. Мурғи андешаи ҳар кадом бо роҳи худ пар мезад. Аммо дар ниҳоят хулосаи ҳамагон як буд: «Ҳабиба дуруст мегўяд. Бояд биистем! «Гапи бисёр–як хара бор». Акнун мурдаву зиндаи мо ин ҷост, на ҷойи дигар. Вахш замин, хона, саргаҳи зиндагии навини мо хоҳад буд. Хонаро бо ҷоннисорӣ, арақи ҷабин ва обилаи кафи даст бунёд мекунанд, бунёд! Ба ин хотир ҳар як ваҷаб замину девори хона ширин, азиз ва ба ҷон баробар мегардад. Рост– рост, воқеан Ҳабиба сади дар сад рост мегўяд, модарона ва оқилона мегўяд».
Қабила азми комил ва ниятҳои тоза матраҳ кард. «Агар охирин мард зинда бимонад, ин ҷо мемонад, нохун ба нохун, дандон ба дандон!..»
Пушти намози бомдод одамон аз каппаҳои худ як–як берун омада, барои дарави тўғаю қамиш ва аз замин тоза кардани шўраку шутурхору ғумой камар бастанд. Бо амри раис, «Разведка» онҳоро ба се гурўҳ ҷудо кард: иддае ба дараву тоза намудан, дигаре барои чанд чоҳ кофтану онро аз об пур сохтан ва саввумӣ барои канал кандан. Воқеан, кофтани чоҳҳо басо зарур буд, аммо кандани канал заруртар. Чоҳҳои пуроб сарпаноҳе буданд, ки шабонгоҳ одамон андаруни онҳо фурў рафтаву пайкарашонро то гулў паноҳ бурда, худро аз неши ҷонсўзи хомўшакҳо як дараҷа «наҷот» медоданд.
Аммо тасмими аз наҳри канортар ба сўйи деҳа кофтани канали тоза онҳоро аз камбуди об метавонист битамом вораҳонад. Азму ҷазм бештар дар ин ҷода фурў бирехт.
Вақте ки одамон ба гурўҳҳо ҷудо гаштанд, Ҳабибаи сарвқомат бо косаи сафолин як миқдор ҷав гирифта, назди мушкин гузошт. Асп ду–се карат сўйи соҳибаш сар ҷунбонд, гўё миннатдорӣ кард. Адолату Ҳабиба ҳамроҳи дигар бачаҳо барои овардани об ба сўйи наҳр раҳсипор шуданд.
Чашмони тезбини Шаманов ба бону ва аспи зебо афтод. «Ин ҷонвар бояд моли фармонбари раис бошад!» Ў лангон қадаме ба пеш гузошту чашм аз бону наканда, гўё лаҷоми замину замон дар даст, ҳавобаланд овоз андохт:
–Ҳо, занаки хола, ин асп чӣ ном дорад?!

пешина
аз 276
навбатӣ