Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар бораи кӣ ва чӣ гуфтанамро фаҳмидӣ–а, самбақа?!
–Хуб, мўҳтарам раис, хуб! Шумо бепарво рафтан гиред, лаҷомаш дар дасти худам. Чунон намадмолаш кунам, ки дар дасти шумо, мисли мум, мулоимак шавад…
Раис пеш–пеш ва Муҳаммад аз думбол пайроҳаи пурхокро рўболо шуданд. Шаманов назди каппаи Ҳабиба омаду ду–се бор ошарф дод:
–Касе ҳаст?
Мушкин ноором шиҳа кашид.
–Ҳаст, ҳаст!–аз каппа бадар омад бону, мисли офтоби паси абр.
Кўдакқавораи ланг ба чеҳраи поки Ҳабиба бори аввал амиқтар зеҳн монд. Аз зебоии бону моту мабҳут гашт, забонаш печид, сухан роҳи даҳонашро гум кард. «Оҳ, ҷонам фидоят, парӣ! Нигоҳат бас, адоят бас, куштӣ–ку!» Шаманов аз хиҷолат ба замин хат кашид.
Мушкин беқарор пасу пеш тоб хўрд. Дар дили бону шубҳае рах андохт.
–Тинҷист, ака?!–пурсидани Ҳабиба гургхўрдаро ба худ овард.
–Ҳо, бева, бахтат хандид, акнун хоки гирифтаат зар мегардад!
–Чӣ гап?!–абрў дарҳам кашид сарвқомат. Дар андоми кўдакқиёфа ларза афтод. «Гўям ё нагўям? Ҳарчӣ бодо бод!
Аздусар аз дасти ин заифи муштипар чӣ меояд, биниашро дорӣ, ҷонаш мебарояд».
–Раис ба аспат–хушдор. Акнун сару афзорашро барор, аз район баргардад, аспатро саворӣ ва дар ҳаққат дуои давлат мекунад. Ба фикрам, худат маликаи «Ленинизм» мешавӣ, бева.
–Нафаҳмидам!..–китф дар ҳам кашид Ҳабиба.
–Ҳо, бева, гўшҳоят вазнинанд, магар?! Раис аспи туро ме– хо–ҳад! Афзорашро барор! Сару даҳонат, воҳ!–нарангушт боло кард Шаманов.–Лекин ягон куртаи гули аноратро бипўш, нозанинтар мешавӣ. Фаҳмидӣ?
Ҷонвар дигарбора шиҳа кашид. Бону бо афсўс сар ҷунбонд. «Ҳа, ана таги гап дар куҷо! Мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл? Гургро чўпони гўсфандон мондаанд, магар?!»
–Фаҳмидам, пештар биё. Биё, ба гўшат як гапаке дорам, бобо!

пешина
аз 276
навбатӣ