Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шаманов бо ун роҳгардии қаблӣ ва ба бўйи гапи хуш шитобон наздиктари Ҳабиба омад. «Маро бобо нагў, нозанин!
Куҷои ман ба бобо монанд? Думи фили Ҳиндустона канда мепартоям–е!»
–Хамтар бош, ки мабодо касе нашунавад. «Тўғайзор шағол дораду шағол бешамол нест».
–Хуб, хуб! Ку, зудтар бигў, тоқатам тоқ шуд,–бо таваҷҷўҳ рости даҳони Ҳабиба сар поин кард Шаманов. «Дар овозаки ширинат садқае, булбули маст!»
Бону бо ангуштони дасти чап пилтаи гўши лоғарандомро дошта, нарм–нарм молид ва якбора ба зер силтав дод.
–Вой–вой, мурдам, бева!–қомати Шаманов аз дард хамтар зад.–Раҳо кунед, ҷонам баромад, ҷонам баромад…
Ҳабиба дасти росташро мушт карда, ба пушти гардани дароз зарбаи сахту обдоре бизад, мисле ки бо хоиск мехро.
Аз чашмони гургхўрда шарора ҷаҳид ва якбора пешаш торик гашт ва рўйи замини хордор каладав парў афтод. Як муддат натавонист аз ҷо биҷунбад. Ғазаби бону боло гирифт, гўё каштали Тағайи калтапалаки Ҳабибкуш ба чанголаш зада, ки пайи ҳам ду–се лагади дигар ба шикам ва тигаҳи афтода фуровард. Ҳо, нафрати дерини Тағайро бедареғ бар сари ў бирехт. Шаманов аз зарбаҳои бону шикаммол гурехтаву аз халидани хору хаси дасту рўяш эҳсос набурда, бо талвосаву ҷонсард фарёд зад:
–Апа, апаҷон, илтимос, назанед! Тавба кардам, тавба!..
Такрор намешавад, бас!..
Ҳабиба аз пушти гиребони куртаи Шаманов маҳкам дошта, бо як чолокии мардона, гўё дарзаи тўғай бошад, ўро бардоштаву ба по рост гузошт. Сипас мушти дасташро, мисли сақои овезони соати девор, пеши чашмони пурҳароси ланг ин сўву он сў тоб дода, таҳдид кард:
–Ҳа, мизбонҳои ношустарў, меҳрубонии шумо ҳамин аст?!
«Буз чарбуро набардоштааст». Дар як рўзи роҳбарӣ аз худ рафтед?! Аз ҳад нагузаред, ки хомўшӣ табиати зани кўҳистон нест! Мекушам, фаҳмидед?!
–Фаҳмидам, фаҳмидам!..–бо бинӣ ғурунгид Шаманов.
–Акнун бигў, ту чӣ мехоҳӣ, бунгӣ?!
–Ҳеҷ чиз намехоҳам, касе хоҳад, худаш пурсад,– аз тарс лабони хуншори дароз пир–пир париданд.–Илтимос, апа, назанед...

пешина
аз 276
навбатӣ