Шоҳроҳи истиқлол

Ҷунбуҷўли дастархон оростан анҷом ёфт – дастархони Мирвафо ҷудо, дастархони Мирбақо ҷудо ва дастархони Мирризо ҷудо, вале байни якдигар гуфтугўҳои кўтоҳ ва буридае доранд ва субҳона нахўрдаанд магар ки бо иштиҳо арақ нўшида калбасаву сирро газак карданд. Ва дар навбати дуввум Мирризо ба се қадаҳ арақ рехт ва дутояшро ҷониби Мирвафою Мирбақо дароз кард; ва сипас, дастархонашон як шуд ва муҳофизон дар як қатор нишастанду вакилон дар як қатор, ва аз дардҳои дилашон дари сўҳбат кушоданд.
– Ман даҳ сол боз ба ин каллакадуҳо мегўям, – Мирбақо нимхез шуд. – Чанд мақола ҳам навиштам, ки иқтисодиёт вайрон аст, ислоҳ бояд кард. Кадушоҳҳо гўш накарданд. То инҳоро зада пеш накунӣ, ба ҷое намерасӣ. Ин аниқ аст. Билкул пеш кардан даркор.
– Мақсад задан ва пеш кардан нест. – эрод гирифт Мирризо. – Ба задану пеш кардан мурод ҳосил мешуд, коммунистҳо ба мурод мерасиданд. Бо чашми худамон дидем, ки нашуд. Дар ҳаёт ва талабот аз ҳама муҳимаш андоза нигоҳ доштан аст. Андоза калон бошад, туфлӣ дар по намеистад.
Андоза хурд бошад, поро мезанад. Ҳардуяш бад аст.
––Ман мақолаҳои Шуморо нахондаам, лекин ҳамин қадар медонам, ки ягон кори дунё бе тартиби сахт буд намешавад. – Мирвафо дар курсӣ нимрўя нишаст ва бутали арақи накушодаро чун хаппак аз даст ба даст партофт. – Пеш аз ҳама тартиби сахт ҷорӣ кардан даркор. Дуруст гуфтам?
Инҳо, Мирбақову Мирвафою Мирризо, касбу кори ҳархела доранд ва ба ҳизбҳо низ бо сабаб ва ниятҳои гуногун омадаанд. Мирбақо даҳ сол боз дар институти илми иқтисод кор мекард ва аз институту ҳамкоронаш дилмонда буд. Ба ақидаи худаш, қадрашро намедонистанд ва донишу биниши ўро эътироф намекарданд. Ва аз ҷаҳлу алам яке аз фаъолони ҳизби Бародарон шуд, то ба бахилону бадбинон нишон бидиҳад, ки чи ҳунару чи истеъдод дорад. Мирвафо, ҳарчанд ки дипломи ҳуқуқшиносӣ гирифтааст, ихтисоси муайяне надорад, ба ғайр аз муштзўрӣ. Говзўр аст ў, на ҳизбталаб.
Роҳбарони ҳизби Баробарон худашон ўро даъвату ҷалб карданд, ки «ҷавонони беҳудагард ва ҷиноии як маҳалла дар зери фармонаш, ин қувваи воқеӣ», ва аз раёсат ҷой доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё