Шоҳроҳи истиқлол

Танҳо Мирризо бо эътиқод ба таъсиси ҳизб камар бастагӣ.
Вай дар ҳизби Ранҷбарон яке аз роҳбарони ба чашм намоён буд, вале даъвогар, ки «роҳбарони имрўза ғояҳои бунёдии ҳизбро сирф фаромўш кардаанд ва ба як тўдаи бурёкарат, ришвахўр ва хазинадузд табдил ёфтаанд». Чун мавриди бисёрҳизбӣ фаро расид, бо ғайрати тамом дар таъсиси ҳизби нав саҳм гирифт ва умеди қавӣ дорад, ки «ҳамагуна каҷравиҳоро рост бикунад».
Ҳамин одамони ҳархелафаҳм ва гуногунхислатро алҳол фикри роиҷи «тағйир медиҳем, ислоҳ мекунем», зоҳиран ҷамъ овардааст ва онҳо дар ин роҳи сафар, аз масоили сиёсии дирўзу фардо ва авзои ободиву ноободии Себароз ба ҳоли рўзгори моддиву маънавии мардум, сухангўиву гапгузаронӣ доштанд.
– Дар мамлакати бенизом, нон фаровон намешавад. – Мирризо аз сумка нону калбаса баровард. – Иқтисод чизи зарурист, вале фақат бо иқтисод гуфтан масъала ҳал намешавад. Ба решаи мушкилиҳо расидан лозим, ки реша дар куҷост?
– Ҳамон реша иқтисодиёт аст, – як парда овозашро баланд кард Мирбақо. – Мусулмонӣ дар шикамсерист. Гурусна бошад, ба шер задааст. Ҳамаи инқилобҳоро гуруснаҳо кардаанд.
– Дуруст, инқилобҳоро гуруснаҳо кардаанд, – розӣ шуд Мирризо, – вале онҳо гуруснаҳо, фақат асбоб, ашё ва силоҳ будаанд. Аз ақиби ақлҳо рафтаанду инқилоб кардаанд. Пас пешрав ақлу тамиз аст, на гуруснаву сер. Барои ҳамин дар тарғибот ҳам андозаро нигоҳ доштан даркор.
Мирвафо тақвият дод:
– Ақлу тамиз даркор, лекин гап ба давлатдорон, ки ҳамин чизро мефаҳманд ё не. Онҳо ки дар сари кор ҳастанд, мавқеи ақлу тамизро ҳамонҳо муайян мекунанд. Ё меболонанд ва ё мекоҳонанд. Ё месабзонанд ва ё месўзонанд. Дуруст гуфтам?
Мирризо:
– Дуруст гуфтед. Аз қадим маълум аст, ки сардор ҳалол бошад, атрофиёнаш ҳалол мешаванд. Сардор ҳаром бошад, атрофиёнаш ҳаром мешаванд. Ақлу тамиз ҳам монанди ҳамин – дар роҳбар бошад, андозаро нигоҳ медорад, набошад не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё