Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Оё вай туро дидан мехоҳад? «Гум шуда рафта буд. Боз аз кадом гўру лаҳад хеста омадааст?»–гуфт бо ҳамҳама. – Фаҳ–ми–дӣ?
– Не... Ман ўро дидан мехоҳам!..
– Қиёмро чӣ? Ўро ҳам дидан мехоҳӣ?
– Ту чиҳо мегўӣ? Қиём кайҳо аз ин ҷаҳон рахти сафар баста буд... Ман ҳамдеҳаи ўям!..
– Дурўғ нагў! Айб аст... Қиём манам! – Пирамардро маст дида, бозӣ доронданӣ шуд Наҷот. – Хаёл кардӣ, ки ман мурдаам? Дар сел ғарқ шудаам?.. Дипломати пури пулро ҳам сел бурд?...
– Не–не! Сафсаттаро бас кун! Ту Наҷоти оҳангар! Додари Навина ҳастӣ!
– Ҳаҳ хонасўхта–е! Шояд ман Тоҳирам–а? – чашм нимкоф кард ў, – Тоҳири духтури дандон?.. Ҳамон ки ту боиси дар оби кўл ғарқ гардиданаш будӣ?.. Тилоҳо, нуқраҳо, дандону гўшвораҳои бутуну шикаста, ангуштаринҳои чашмашон афтодаи ўро бо сумкаи корияш пинҳон дошта, баъд об кардаю хўрда гаштӣ. Ту ҳамон Лазизи ҳаромхўр ҳастӣ, медонам!..
– Ту чиҳо мегўӣ?
– Ба нағзӣ бирав аз ин ҷо! – Наҷоти оҳангар як паллаи дарвозаро сўи худ кашид. Паллаи дигараш дар дасти Лазиз махсум бимонд. Ў низ онро бо зарб сўи худ кашид. Бо дарвоза якбора паснокӣ рафту ба девор бархўрд. Дарвоза гашта ба равиши худ сўи Наҷот омад... Ў эҳтиёт шуда онро маҳкам дошт. Аз дарун занҷиру қулф зад ва дар ҳоле ки аз даҳону бинияш бухор фаввора мезад, бо ғазаб хона даромад...

7 Навина сар аз бистар набардошта мехобид. Чашмони фурў рафтаашро ба додараш дўхт. Бинияш теғ кашида буд.
Маълум, ки ҳолаш хароб...
– Э вай кӣ буд? – базўр пурсид Навина.
– Напурсед, моҳам! – ба хоҳаркалонаш аз хурдӣ «моҳам!»
гуфта муроҷиат мекард, ки аз рўи одоби хонавода буд. Вай бо он ҳама «тундрафторӣ», дили нозук ҳам доштааст. Ин буд, ки ҳоли зори «моҳ»–ашро дида, хатари ҷудоиро ҳис кард, рў ба девор оварду чашм аз ў ниҳон дошта, ашк рехт.
Сипас дид, ки Навинаро аз сустӣ ва заъфи пирӣ фиш–фиш хоб рабуд, худ низ дар кунҷи хона кулўла шуд.

пешина
аз 276
навбатӣ