Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Воқеан, кӣ ҳам нигоҳубин мекунад ба Навина?.. Тавба – тавба! Зани фарзанднадида чию дарахти хушк чӣ?!.. Тавба– тавба!..
Ў ҳис кард, ки сахт хаста шудааст. Дасту пояш меларзад.
Дилаш туғён дорад: «Чӣ хоҳад шуд?.. Оё Навина ўро қабул мекунад? Охир, «вай нотоб!» – гуфтанду ман омадам!»...
Пирамард ба атроф гўш андохт: маҳалла орому ором.
Ҳатто саге берун намебарояд аз тарси сармо! Ў хандид:
ақаллан бўи каси бегонаро ҳис карда, «Лазизи гумгашта омад!»– гўён аккосе ҳам намезананд–е! Ў панҷаҳои дасташро бо ҳаври даҳон гарм кард, баъд бо мушт дарвозаро кўфт...
Одатан, пеш сангчае аз замин бардошта туқ–туқ мезад.
Ҳоло сангча куҷо?.. Ҳамааш зери барфу ях...
Гўш андохт. Садое шунида нашуд. Як замон Навина ба тақ–тақаш аз дарун «Ҳу–у–в! Ана рафтам!» – мегуфт. Акнун чӣ?..
Боз ду–се бор тап–тап заду маҳтал шуд. Аз дарун ғижаси дари хонаро шунид. Баъд хаш–хаш поймонӣ ба гўшаш расид ва касе бо овози хирринамо гуфт:
– Кистӣ?
– Ма–нам...
– Чӣ ном дорӣ?
– Лазиз... муаллим.
– Лазиз махсум?
Қулф шарақошуруқ кушода, занҷирааш бо қаҳр фуроварда шуд ва аз ин сару садоҳо ҷисму ҷони Лазиз ба ларза омад.
– Ту–у? – гуфт Наҷот – бародари Навина, ки дар тан пироҳани сиёҳ дошт ва ҷомаи сиёҳеро ба сар гирифта баромада буд. Риши кулўтаи сиёҳ, чашмони калони ҳайратзадааш дар рўшании барф даҳшатбор метофт.
– Наҷот нестӣ?
– Гапата гўй? Чӣ мехоҳӣ? – дағалӣ кард ў.
– Навинаро диданӣ омадам!.. Вай бемор будааст!..
– Паси корат рав! Вай кайҳо «туф!» кардааст ба ту, ифлос!.. Туро чашми дидан надорад. Номи ўро ба забон нагир!.. Вай дар дами марг аст!.. То дирўз ҳеҷ гап намезад...
Ин бегоҳӣ чорпоя шуда аз замин хестани туро дар роҳ дидаму омада ба ў гуфтам, ки ту маст меойӣ... Вай ҳама асрори вақти мастӣ барояш нақл кардаатро якто–якто гап зад!..
– Ман ўро дидан мехоҳам! – гуфт бо дабдаба.

пешина
аз 276
навбатӣ