Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Он шаб соатҳо гузашту доду войи ўро шунида касе наомад... Ва он ҷойи хилват, ки одатан гургроҳа буду рўбоҳу дигар ҷонварони ваҳшии кўҳу дашт убур мекарданд, гўшаи фаромўшшудаи як бурҷи маҳалла ба ҳисоб мерафт. Ба замми ин абрҳои тамоми рўз азми барфрезӣ дошта, як поси шаб «орди худро бехтанд». Донаҳои барфи реза ба сару рўи ў рехта, аз ҳаври даҳону ҳарорати баданаш об шуда, ўро ба ҳуш меоварданд магар, ки гоҳ–гоҳ чашм кушуда, ба нолиш медаромад. Шамоли дара мўяшро тор–тор ҷудо карда, бозӣ дошта, баъд ях мебандонид...
Вай ин дафъа чашм кушоду дуртар аз ҷойи хобаш, рўи бутта кулоҳеро бидид... Хаёл кард, мисли худаш кулоҳпўше ин ҷо омадаасту ақаллан, «ҳў–ў ошно, ба ту чӣ шуд? Чаро ин ҷо хобидаӣ?» намегўяд–е!.. Хост, ки худаш бо ў гап бизанад.
Лекин чӣ ҳам гуфтанаш мумкин? Ба ҳар ҳол, дилаш тоқат накард: «Ҳў–ў ошно! Мешунавӣ?.. Мо ҳам аз ҳамон менўшидагиҳо!..»–гуфт овозашро паст карда.
Аз он сў овозе нашунид.
Ўро сиёҳӣ пахш кард... Ким–чиҳо гуфта нолид. Ҳарза гуфт!.. Баъд ба хоби ғафлат рафт, ё рўъёҳо ҳуш аз сараш рабуданд, ки аз тарс боз фарёд зад... Лек фарёдаш ба гўши касе намерасид...

10 Дар он давру бар ғайр аз хонаю дари Навина, наздиктар хонае вуҷуд надошт.
Навинаи сахт бемор шаб басе нороҳат буд, қад–қад парида, ҳарза гуфтаю нолиш карда баромад.
Бародараш бо либоси худ ба девор такя карда, хобу хоболуд гуфт:
– Об мехоҳӣ, моҳ! Як қулт чойи гарм диҳам?
– Не–е, до–дар–ҷон!.. Вай кӣ буд, ки дар–во–заро зад? – гуфта пурсид.
– Пурсида чӣ мекунӣ, эй бенаво! – гуфт бародараш зери лаб ва даст ба ҷабини хоҳаркалонаш ниҳод.–Табат баланд!
Духтур фарёд кунам?
– Б–б–а к–к–а–си т–т–а–мом–шуда д–духтур чӣ л–л–о– зим? До–дар–ҷон, кӣ буд, ки дарвозаи моро кўфту худ наомад? Оё мах–сум на–буд? Ме–мон–дӣ, да–рояд буд!–гуфт.

пешина
аз 276
навбатӣ