Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Ту худ мегуфтӣ, ки ўро чашми дидан надорӣ!. Агар бинӣ, фишорат баланд мешавад! Ў ҳамон Лазизи дамдузду дарундор буд. Ҳамон кас ки гуноҳҳояшро ҳатто зирактарин муфаттиш, донотарин додситон исбот карда натавониста буданд... Бо маккорию дамдуздӣ, фиребу найранг беҷазо бимонд!.. Ту худ мегуфтӣ, ки як рўз не – як рўз сирҳояш ошкор мешавад!.. Худат фош месозӣ. Агар ин корро карда натавонӣ ҳам, ў ба қаҳру ғазаби Худо гирифтор хоҳад шуд!..
Аз ин рў ба ҳавлӣ роҳаш надодам!.. Охир, ў маст буд, базўр ба по меистод! Аз даҳонаш бўи бадрафт меомад. «Бирав!»
гуфтам. Дарвозаро сахт кашида ба рўйи ман пўшонд!..
– Кори хуб нашудаст, до–дар–ҷон! Да–ви–да баро, ўро аз роҳ бигардон! Вай дар ин торикшаб куҷо меравад?
– Чӣ донам куҷо меравад!..
– Хоҳиши маро ба ҷо ор! Ил–ти–мос! Ту худ медонӣ, ки мо замоне ақди никоҳи мусулмонӣ доштем! – Ин таомули заношўист. Ман мехостам, ба ҳар ҳол, ризоияти ўро гирам!..
Баро, хабар гир! Аҷаб не паси дарвоза ларзида нишаста бошад. Бемории маро шунида, ба пурсишам омадагист?..
Навина, пеш аз хона равшан кардан, якбора булбули гўё шуд... Бародараш ҳайрон, ки ин ҷасорат дар ў аз куҷо? Худоё, аз қудратат гардам! Охир, онҳо замоне «ишқ» доштанд, «ақди никоҳ» низ доштаанд! Чаро хоҳиши ўро, пеш аз чашм пўшиданаш, ба ҷо наоварам?

11 Наҷот он ҷавонмарди «бераҳми девсиришт» (ба қавли Лазиз махсум) аз ҷо хест. Ҷомаашро сари китф гирифт. Кулоҳ ба сари пурмў зер карда, берун баромад. Садои занҷиру қулфро шарақошуруқ бароварда, дарвозаро кушуд. Дуртар аз он ҷо–сари роҳи деҳа, чароғе хира месўхт. Барф реза меборид.
Наҷот бо чашми уқобона ҳар сў назар андохт. Касе набуд.
Дар пайраҳа лағҷида–лағҷида, сари роҳи калон гузашт. Болойу пойинро муоина кард. Посбони дўконро дида пурсид:
– Ягон кас ин сў гузашт?
– Каси бисёр, пиёдаю мошинсавор гузашт! – гуфт ў. – Ба ту кадомаш лозим?
– Бало занад! Махсумро надидӣ?
– Ман аз мурдани худ хабар дорам, аз махсум не!..

пешина
аз 276
навбатӣ