Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мирвафо:
– Ман дар таҷрибаи худам дидам: сардор ҳаром нахўрад, дуздӣ накунад, ришва нагирад, мансабҳоро нафурўшад, тобеонаш ҳаром намехўранд, дуздӣ намекунанд, ришва намегиранд. Корафтод шудаму дидам.
Мирбақо:
– Канӣ ҳамин хел сардорҳо? Аз куҷо меёбӣ ин хел одамонро? Сардороне, ки мо дидем медузданд, мефурўшанд, ришва медиҳанд ва ришва мехўранд. Баъд аз куҷо беҳбудие ба мардум мерасад? Не, то инҳоро билкул аз реша нарўбӣ, пешрафт нест.
Мирризо:
– Ҳатто ҳайвон феълу хўи соҳибашро мегирифтааст.
Ҳайвон ки хўи соҳибро гирад, чӣ ҳоҷат ба одам? Ҳа, ҳаёти халқ ба ахлоқи сардораш сахт пайванд. Андозаро аз сардор мегиранд.
Ҳангоми нўшидану хўрдан ҳар се вакил, узви се ҳизби довталаб якдигарро муроот мекунанд, қадаҳу газак медиҳанд ва байнашон фазои якдилӣ вуҷуд дорад ва бинанда дар дил ҳавас мекунад, ки «рафоқату дўстӣ чунин бояд!».
– Роҳбари бефаросат обод карда наметавонад, – суханашро давом дод Мирризо. – Осонаш, бигирем кандани як ҷўйи обро. Роҳбари ҳамин кор одами кордон набошад, ҷўй пасту баланд мешавад ва об намебарояд. Натиҷа маълум – ободӣ не, вайронӣ мешавад.
Мирбақо:
– Билкул дуруст гуфтед. Сарони Себароз, намедонам дуои кадом пир рафтааст, ба сари кор ҳатман одамони бесалоҳиятро мемонанд. Одамони кордонро роҳ намедиҳанд ва ҳатто бо ҳар баҳона бадном мекунанд. Аз дасташон биёяд, нест ҳам мекунанд. Барои ҳамин мегўям, ки билкул хиёнаткор ҳастанд.
Мирризо:
– Ҳамон сардорон аз куҷо пайдо мешаванд? Аз осмон фуруд меоянд?! Не, албатта. Онҳо аз байни худамон баромадаанд.
Аз якеаш халос шавем, ба дигараш гирифтор мегардем. Кар рафту кўр омад… Сабаб ин ки истиқлол надорем. Истиқлол ки надорем, фикри мустақил ҳам нест. Фикри мустақил, ки нест ҳадшиносӣ вуҷуд надорад. Ана баъд ҳар бефарҳанг даъвои роҳбарӣ кардан мегирад.

пешина
аз 276
навбатӣ