Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Чӣ?
– Нашунидӣ, чӣ гуфтам?
– Чӣ гуфтӣ?
– Сари қаврат гуфтам! Рав!
– Бе ту намеравам. Маро ҷанг мекунад.
– Тф-у! – ҷарроҳ бо қаҳр аз ҷо бархост.
– Меравем?
Ҷарроҳ боз ҳам бештар ба ғазаб омад. Аз чашмонаш гўё оташ меборид. Ва ў дод зада, гуфт:
– Ҳо-о-й, медбрат! Канӣ гум шав!
Ва сўи ў қадам гузошт.
Медбрат тарсид. Ларзид. Шах шуд. Сипас ба худ омаду думашро хода кард.
Дили Фурўғу пирамардро гургон тала мекарданд. Онҳо зайле ки болои сўзан бошанд, вазнашонро аз як по ба пои дигар партофта, ба чеҳраи ҷарроҳ менигаристанд, ором надоштанд, дар ҳаяҷону изтироб буданд.
Дар паси тиреза торикӣ ва ваҳшат ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Ҷарроҳ бепарво, орому беғамона ба соати кисагии сарпўшдору ялаққосиаш нигарист.
– Даҳ дақиқа кам даҳ! – нидо зад ҷарроҳ ва гўё ки оҳ кашид. – Вақт ин қадар тез метозад-е. Мегўӣ ки тайёра бошад.
– Бале, вақт рафта истодааст, – илтиҷо кард Фурўғ.
– Вақти кӣ? – пурсид ў ва лабханд карду чор дандони тилоиш ялақос зад.
– Охир бачаро наҷот додан лозим, – боз зора кард Фуруғ.
– Ман бист сол барои он нахондам, ки ту занию ман наҷот диҳам. Фаҳмидӣ?
– Гуфтам-ку, ман назадаам…
– Ҳа, албатта! – нешханд зад ҷарроҳ. – Кӣ қоил мешавад?
Ҳеҷ гап не, ба дасти милиса афтида се-чор шаттаи обдор ки хўрдӣ ҷон-ҷон гуфта қоил мешавӣ. Онҳо дар ин кору бор усто, метавонанд.
– Ман ўро аз роҳ гирифтам, – қариб ки гириста гуфт Фурўғ ва ба пирамард ишора кард: – Ана, падарам шоҳид.
– Ҳа-а, падару писар якгапа шудем гўй?!
Овози ҷарроҳ оҳанги истеҳзо ва таҳдид дошт.
Дили пирамард беихтиёр кашиш хўрд. Панҷаҳои ҳасрат гўё ба он чангол мезаданд ва риштаҳои эҳсосро мебуриданд.

пешина
аз 276
навбатӣ