Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Маро усал кардед? Э ҳой, бо саду бист сомонӣ пишак ба офтоб намебарояд… Охир, ман сар наметарошам. Ҷарроҳӣ мекунам. Ҳама ҷояш маҷақбод будагист. Буридан лозим, ҷо ба ҷо кардан лозим, дўхтан лозим.
Ҳамшира об овард.
– Оба мону давида сигарет биёр, ки сарам мекафад.
Ҷавоне беибо ба утоқ даромад. Се касро дида, саросема шуд, дасту по гум кард. Як-як ба ҳар се дида дўхт.
– Мемурӣ пеш аз даромадан дарро тақ-тақ занӣ?!
Ҷавон гашта берун баромада дарро кўфту сипас даромад.
– Кистӣ? Чӣ мехоҳӣ? Касеро мошин зад?
– Э не-е… Кадомтон аки Хошок мешавед? – беҷуръат пурсид ў.
– Хайр, ман Хошок. Чӣ буд? Ту худат кӣ?
– Ман?.. Ман медбрат…
– Ҳой, медбрат! Худат намерасидӣ! Ку харата ҳай кун!
– О… Ман гап дорум.
– Зан гапата! Тез!
– Ҳа… вай… Маро акаи Хаскаш роҳӣ кард. Гуфт ки акаи Хошокро гирифта биё…
– Кадом Хаскаш?
– Ҳо-о, аз шўъбаи дил…
– Чӣ, дилаш зад?!
– Э не-е… Тура ҷеғ дора.
– Мана?
– Ҳа, туя.
– Шаб саҳар намешуд?
– Чӣ-ӣ-ӣ?
– Саҳар меравам.
– Э не-е, ҳозир гирифта биё, гуфт. Чои сафед тайёрай, гуфт. Бе аки Хошок аз гулў намегузарад, гуфт. Тез гирифта биё, гуфт
– Э рўш сиёҳе!
Чашмони ташнаи ҳирси Хошок барқ заданд. Ду ҳирс – чои сафед ва пул ба набард омад. Набард дер давом накард.
Ба зудӣ анҷом ёфт. Кӣ ғолиб омад? Кӣ мешуд? Албатта пул ғолиб омад.
– Гўй ки ҳоло кораш аз мўи сар бисёр, андактар меояд.
Ҷавон ҳарфе назада, мунтазири ў истод.
– Ба дару девор гап задам?!

пешина
аз 276
навбатӣ